ХАБАРҲО
НАҚШАИ ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН ИҶРО ШУД
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 10:01
Тибқи фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ» маъракаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз рӯзи 1 апрели соли равон оғоз шуда буд.
ҶАВОНОНРО ХУДШИНОСӢ МЕБОЯД
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 09:59
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии ноҳия ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҷамъомад доир шуд.
ХАТИ НАВИ ОБИ НӮШОКӢ БА ЯККАБЕД
- Подробности
- Опубликовано 21.04.2015 11:38
Бо супориши Президенти мамлакат имрӯзҳо барои сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод аз мавзеи Дараи токо, ки зиёда аз 8 киллометр масофа дорад, сохтмони хати нави оби нўшокӣ идома дорад. Барои сохтмони он беш аз як миллион сомонӣ сарф мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати мамлакат ҷудо гардидааст.
БА ЯККАБЕД ОБ ОМАД
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 09:38
Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо супориши Президенти мамлакат барои сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод аз мавзеи Дараи токо, ки зиёда аз 8 киллометр масофа дорад, сохтмони хати нави оби нушокӣ оғоз ёфта буд.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДИ АВВАЛ
- Подробности
- Опубликовано 21.04.2015 11:36
Рӯзи сешанбеи 14 апрел бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷлиси навбатии назоратии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ доир шуд. Раҷабзода Миралӣ бо ҳамаи ҳозирон бевосита шиносоӣ намуда, барои пешрафти кор дастурҳо дод. Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба қабули шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии ҳамаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 09:37
Дар арафаи таҷлили ҷашни 70- солагии Ғалаба дар ҶБВ туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 13 нафар иборат буд, супорида шуд. Туҳфаи Сарвари давлатро ба собиқадорон Аъламхон Наимӣ - муовини аввали Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ супориданд.
ҶАСАДИ БОЗ СЕ ТАН ЁФТ ШУД
- Подробности
- Опубликовано 10.04.2015 10:21
Субҳи имрӯз аз даҳ нафар қурбоншудаҳои деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, ки бар асари лағжиши куҳ зери хок монда буданд, ҷасади бо се тани дигарро ёфт намуданд. Инҳо Худойбердӣ Одинаеви 52 - сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наимҷон Қурбонови 26 сола мебошанд.
БОЗ ЯК ҶАСАДИ ФАВТИДАҲО ЁФТ ШУД
- Подробности
- Опубликовано 23.04.2015 14:44
Имрӯз, 23 юми апрел, соати ёздаҳи пеш аз зуҳр ҷасади боз тан аз фавтидагони офати табии деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободро мардуми маҳал пас аз кофтукови шабонарӯзӣ аз зери хоки афтода ёфт намуданд.
СИПОСИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 15:39
Нимаи дуюми рӯзи ҷумъаи 3 апрел бар асари лағжиши ярч дар деҳаи Яккабеди ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод даҳ сокини ин маҳалла, ки аслан ҷавонон буданд, зери ярч монданд. Аз ин шумора танҳо ҷасади се нафар ёфт шуда, кофтукови бокимондаҳо ҳанӯз давом дорад..