ХАБАРҲО
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДИ АВВАЛ
- Подробности
- Опубликовано 21.04.2015 11:36
Рӯзи сешанбеи 14 апрел бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷлиси навбатии назоратии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ доир шуд. Раҷабзода Миралӣ бо ҳамаи ҳозирон бевосита шиносоӣ намуда, барои пешрафти кор дастурҳо дод. Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба қабули шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии ҳамаи арзу шикоятҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Пас аз шиносоӣ Раҷабзода Миралӣ роҳбарону масъулонро барои анҷоми саривақтии корҳои баҳорӣ, хусусан кишти картошка ва бунёди боғҳои нав, ҳамчунин корҳои ободонии маркази ноҳия, назди корхонаҳо ва кӯчаву деҳаҳо таъкид кард. Барои пешрафти иқтисодиёти ноҳия, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби инвеститсияи берунаро зарур дониста, ба ин мақсад таҳияи « Барномаи рушди ноҳия»-ро ба масъулон супориш дод.
Ҳамчунин дастгирии ятимони кул ва ашхоси маъюб бояд дар мадди назари ҳамаи роҳбарон бошад. Дар ин самт Раҷабзода Миралӣ изҳори таассуф аз накушодани суратҳисоби бонкӣ то ба имрӯз ба номи ятимони кул, ки айни њол дар ноҳия 24 нафаранд, кард.
Дар анҷоми кори маҷлис иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ барои кори пурсамар ва хизмати содиқона дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, ба роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сафомиддин Насриддинов, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори сипос намуд. Боварӣ намуд, ки С. Насриддинов ҳангоми дар нафақа будан ҳам донишу малакаи хешро ба ҷавонон хоҳад омӯзонд.Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ӯ туҳфаҳо тақдим намуд.
«НФ»