ХАБАРҲО
ҶАВОНОНРО ХУДШИНОСӢ МЕБОЯД
- Подробности
- Опубликовано 12.05.2015 09:59
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии ноҳия ба хотири пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҷамъомад доир шуд.
Ҷамъомадро, ки дар он омӯзгорон, волидон ва хонандагони мактабу ҷавонони деҳа иштирок доштанд, директори муассиса С. Давлатова ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи баргузории ҷамъомадт баланд бардоштани маърифати хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон аст. Зеро ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Сипас, намояндагони органҳои қудратии ноҳия перомуни тероризму ифротгароӣ ва оқибатҳои даҳшатбори ин падидаи номатлуб суханронӣ намуданд. Онҳо зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки яке аз проблемаи асосие, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ба миён омадани ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ин падидаи номатлуб дар ҷаҳони муосир таъсири манфии худро расонида истодааст. Роҳбарони гурӯҳҳои иртиҷоӣ пеш аз ҳама ҷавононро ба гирдоби аъмоли разилонаи худ кашида истодаанд.
Баромадкунандагон аз волидайну омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки зиракии сиёсии хешро аз даст надода, ҷавононро дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбият намоянд.
Дар охир омӯзгорону волидон бо саволоҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
ДАВЛАТЗОДА Фарида, омӯзгори муассисаи рақами 57.