Чт04172025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА  БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ  ҶАШНИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҲамдиёрони азиз!
Ҳамасола рӯзи 5 октябр дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон- Тоҷикистони азиз ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми ҳамдиёронамонро ба фарорасии ин санаи муҳим самимона табрику муборакбод мегӯям.
Тибқи моддаи 3  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Подробнее...

КӮМАКҲОИ УНВОНӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН

маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  рӯзи  душанбеи ҳафтаи равон  бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, котибон ва мутахассисон оид ба расонидани кӯмакҳои иҷтимоии ҷамоатҳои деҳот баргузор шуд.
Раиси ноҳия масъалаҳои муҳокимашаванда:   натиҷаи санҷиши  «Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмакҳои унвонии  иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандҳои  камбизоат» дар ноҳия, ки аз ҷониби  Раёсати  кафолати кӯмакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, баррасии таъиноти хусусии суди ноҳия оиди  бекор намудани  ақди никоҳ ва ҷамъбасти  чорабиниҳои  ноҳиявӣ оид ба ҷашни  24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури ҳозирин гардонд.

Подробнее...

ИҚДОМИ НЕК

Марди саховатпеша Абдуғаффор Асроров аз деҳаи Саройи ҷамоати деҳоти Мискинобод кори хайру савобро анҷом дод. Ӯ ба ҳаждаҳ нафар эҳтиёҷмандони деҳа 1 халта орд, панҷ кг шакар, панҷ кг равғани пахта кӯмаки хайрия расонд. Ҳар сол ин марди саховатпешаи диёр ба оилаҳои  камбизоату эҳтиёҷмандон ва маъюбони ҷанг дасти кӯмак дароз мекунад.
Абдуғаффор Асроров мақсад дорад, ки дар арафаи иди Қурбон низ ба оилаҳои эҳтиёҷманд ёрӣ расонад.

Бобо ҲОКИМ.

ХАЙРУЛЛО АСОЗОДА ДАР МЕҲРОБОД

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон  дар толори Хонаи фарҳанги Меҳробод   вохӯрии фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Бӯстон, Вашгирд ва ба номи Дӯстмурод Алиев     бо вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, аз ҳавзаи интихоботии   Файзобод рақами 11 Хайрулло Асозода баргузор шуд. Вохӯриро раиси   ноҳия Раҷабзода Миралӣ   кушода, аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии  меҳнаткашони ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  ҳарф зад.
Сипас вакили Парлумони кишвар  Хайрулло Асозода аз нақши  органи қонунбарори кишвар ва саҳми вакилони он дар таҳия ва қабули қонунҳо, ки дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат нақши калон доранд, ҳарф зад.

Подробнее...

РОҲҲОИ ОБОД СӮИ ПЕШРАФТ МЕБАРАД

Роҳҳо пайвандгари наслҳову асрҳо ба ҳисоб меравад. Гузаштагонамон ҳам  бунёди роҳро амали хайру савоб меҳисобиданд.  Ҳамин аст, ки пешаи роҳсозӣ дар шароити кунунии Тоҷикистони азизи мо, пешаи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.  Боиси қайд аст, ки кормандони  Муассисаи исифодабарии роҳҳои ноҳия бо дарки баланди масъулият  дар амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ин самт саҳми худро мегузоранд.
Аҳли тифоқи муассисаи мазкур бо роҳбарии мутахассиси ботаҷриба  Назаралӣ Баҳодуров дар бунёду нигоҳдории роҳҳои дохили ноҳия нақши  назаррас доранд.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз! 24-уми сентябр мусулмонон дар саросари кишвар иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Иди саиди Қурбон яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумла муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз осудагию хуррамӣ ва рушду нумӯъи Ватани азиз, ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзӣ саиду пурфайз табрик мегӯям.
Мардум дар рӯзӣ ин иди муборак ба аёдати беморону барҷомондагон, мусибатдорону ниёзмандон мераванд, ба арвоҳи гузаштагон дуои нек мефиристанд, ба наздикону пайвандон саломативу хушрӯзӣ, барои Ватану диёр ободию шукуфоиро таманно мекунанд.

Подробнее...

ИНШООТИ ҶАШНӢ

1.    Бинои  маъмурии  ҷамоати деҳоти Чашмасор  мавриди истифода қарор мегирад. Ин бинои зебо туҳфаи хубест барои сокинони ҷамоати деҳоти мазкур. Барои сохтмони  бинои мазкур аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ     як миллиону 143 ҳазору 355 сомонӣ масраф гардидааст.

Подробнее...

«АМОНАТБОНК» -БОНКИ МАРДУМИИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мардум ба «Амонатбонк» эътимоду боварии бештар доштаву сол аз сол сафи  муштариёни он зиёд мегардад. Бояд хотиррас намоем, ки имрӯз ба сокинони кишвар 75 филиал, 512 марказҳои хизматрасонӣ ва 214 нуқтаҳои интиқоли  маблағ пурсамар фаъолият дорад. Филиали дар ноҳияи мо мавҷуд будаи  бонки мазкур   бо роҳбарии  сарвари он Саидакбар Ҳақназаров низ таҳти шиори  «Хизмати аъло ба ҳар муштарӣ» ба он мекӯшанд, то ба боварии мардум сазовор гарданд. Ҳамин аст, ки рӯзи шанбеи 29 август дар назди тарабхонаи "Файзобод" аксия зери унвони «Амонатбонк - бонки мардумии Тоҷикистон» доир шуд, ашхоси зиёде  бо нишони  сипосгузорӣ ба хизмати эшон инҷо ҷамъ омаданд.

Подробнее...

ОБОДИЊОИ СОМОНИЁН

      Бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ чанде пеш деҳаи Тақназарӣ бо Сомониён ивази ном кард, ки мардум онро хеле хуш пазируфтанд. Инак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти байналмилалии «Наҷоти Арал» аз масофаи 6 км аз мавзеи Абдубовии поёни чашмаи Гурез,  ба деҳа хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Ҳамзамон   500 метр роҳи деҳа низ таъмир гардид. Сокинони деҳаи Сомониён аз омадани оби нӯшокӣ ва ободии роҳи  деҳаашон  хурсанд гардида, аз масъулини ин амали хайр сипосгузоранд.

Собир ЗАРИФ .

Подкатегории