Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

КӮМАКҲОИ УНВОНӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН

маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  рӯзи  душанбеи ҳафтаи равон  бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, котибон ва мутахассисон оид ба расонидани кӯмакҳои иҷтимоии ҷамоатҳои деҳот баргузор шуд.
Раиси ноҳия масъалаҳои муҳокимашаванда:   натиҷаи санҷиши  «Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмакҳои унвонии  иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандҳои  камбизоат» дар ноҳия, ки аз ҷониби  Раёсати  кафолати кӯмакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, баррасии таъиноти хусусии суди ноҳия оиди  бекор намудани  ақди никоҳ ва ҷамъбасти  чорабиниҳои  ноҳиявӣ оид ба ҷашни  24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзури ҳозирин гардонд.
Аз рӯи масъалаи аввал муовини раиси ноҳия  С. Раҷабзода баромад намуд. Аз ҷумла номбурда сари масъалаи камбудиҳои ҷиддӣ дар таъини  нодурусти кӯмакҳои иҷтимоӣ ҳарф зад. Бахусус, аз бесалоҳиятии  масъулини ҷамоатҳо  чунин кӯмакҳо ба ашхоси  камбизоат расонида намешавад. Дар таъини он шиносбозию иҷро нагардидани  талабот сари гирифтани  кӯмакпулиҳо ба мушоҳида мерасад. Мувофиқат накардани маълумотномаҳо бо китобҳои ҷамоатҳои деҳот, пур аз хато ва бесаводона  навишта шудани маълумотномаҳо, аз қайди ҷамоатҳо набаровардани ашхоси аз ҳудуди ноҳия берунрафта аз ҷумлаи камбудиҳои  дар рафти санҷиш ошкоргардида мебошад.
Аз рӯи масъалаи дуюм низ муовини раиси ноҳия Сайбинисо Раҷабзода гузориш дод. Маълум гардид, ки дар аксар мавридҳо ҷудо шудани оилаҳои ҷавон пеш аз тӯй ҳамдигарро надидани   домоду арӯс мебошад. Ҳамин омил аст, ки  дар натиҷа оилаи ҷавон ба ҳам мувофиқ наомада дар андак муддат аз ҳам ҷудо мешаванд.Чи тавре дар таъиноти суди ноҳия  омадааст.
-Аз ин хотир вазифаи аввалиндараҷаи масъулини САҲШ ва  ҷамоатҳои деҳот  мебошад, ки навхонадорон пеш аз тӯй бояд  аз комиссияи тиббӣ гузашта,  нисбати якдигар маълумот дошта бошанд, ибрози назар  намуд С. Раҷабзода.
Барои роҳ надодани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли саривақтии онҳо раиси ноҳия  М. Раҷабзода  масъулинро вазифадор намуд.
 Барои дар сатҳи зарурӣ  ташкил намудани чорабиниҳои    ноҳиявӣ бахшида  ба ҷашни 24 –солагии Истиқлолияти кишвар раиси ноҳия ба  саҳмдорон  изҳори миннатдорӣ кард.
Дар хатми  маҷлиси назоратӣ  М. Раҷабзода барои кори пурсамар дар вазифаи сардори  Дидбонгоҳи  алоҳидаи  ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии  оташнишонӣ дар ноҳия ба Ҳимоиддинов А. изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.  Номбурда   аз 6 сентябр дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ  ифои вазифа мекунад. Раиси ноҳия  ба ҳозирин сардори нави дидбонгоҳи  алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи  Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳия  Соҳибназаров Фирӯз Тиллоевичро шиносонда, барои пешрафти кор  барор хост.  


«НФ».