ХАБАРҲО
ИНШООТИ ҶАШНӢ
- Подробности
- Опубликовано 14.09.2015 15:59
1. Бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Чашмасор мавриди истифода қарор мегирад. Ин бинои зебо туҳфаи хубест барои сокинони ҷамоати деҳоти мазкур. Барои сохтмони бинои мазкур аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ як миллиону 143 ҳазору 355 сомонӣ масраф гардидааст.
2. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ сохта ба истифода дода шудааст. Арафаи ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони деҳаи Қалъаидашт мавриди истифода қарор гирифтани ин бунгоҳи тиббӣ туҳфаи хубе гардид.