Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

СУХАН АЗ КАМБУДИҲО РАФТ

Дар маҷлиси васеи назди  раиси ноҳия, ки рӯзи 11 июли  соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва  фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Подробнее...

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Тибқи қарори раиси ноҳия аз 21 июни соли равон, рӯзи 4 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор шуд. Дар кори иҷлосия аз шумораи 39 нафар вакилон 36 нафар ширкат намуданд. Ҳамчунин ба кори иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони  сохторҳои воҳидии мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ходимони дин  иштирок доштанд.

Подробнее...

КОНФЕРЕНСИЯ ДОИР ШУД

Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳия доир гашт. Дар конференсия раиси кумитаи мазкур Абдулло Азизов аз фаъолияти анҷомдодаи кумита давоми се соли охир ҳисоботи муфассал дод. Ҳамчунин вакилон ҳисоботи комиссияи тафтишотиро низ шунида, баъдан ҳисоботҳоро   мавриди муҳокима қарор доданд.

Подробнее...

НОМЗАДИ ҲХДТ БА ВАКИЛӢ

Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ  конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия доир гардид. Вакилони конференсия баробари ҳаллу фасли   масъалаҳои муҳими ҳизбӣ, масъалаи  пешабарии номзадро ба маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз  ҳавзаи интихоботии Кабкрез 12 муҳокима карданд.

Подробнее...

ҶАВОНОН ПЕШСАФИ МАЪРАКА

Қитъаи раъйдиҳии Сари чинор рақами 19 дар бинои МТМУ-ии рақами 7 ҷойгир буда,     ба он интихобкунандагон аз деҳаҳои   Хамисеб, Саричинор ва Оби сангбур шомил мебошанд. Мувофиқи рӯйхат 1645 раъйдиҳанда ба қайд гирифта шуда буд.

Дар марҳилаи пеш аз раъйдиҳӣ қитъа ҳамаҷониба омода гашта, барои раъйдиҳандагон ҳамаи шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст.

Подробнее...

ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Велбург Роси, роҳбари дафтари Шведсария дар Тоҷикистон (аз чап ба рост), Ригина - корманди дафтари мазкур ва Моҳиҷаҳон Намакова - раиси Хазинаи Оғохон дар минтақаи Рашт дар  қабули раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ. 

Подробнее...

МУТАШАККИЛӢ ДАР РӮЗИ РАЪЙДИҲӢ

Рӯзи 22 майи соли равон маъракаи раъйпурсӣ оиди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои раъйдиҳии ноҳия бо нишони ҳамдастӣ ва ҳамдилӣ, боварӣ ба фардои дурахшони кишвари азизамон доир гашт. Аз соати шаш раъйдиҳандагон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада раъйи хешро вобаста ба таъғиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Гузориши хабарнигорони «НФ» аз ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳии ноҳия.

Подробнее...

БА МУСОБИҚА ҲАМАҶОНИБА ОМОДА БОШЕМ

Чандест, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки доир ба муҳтавояш дар шумораҳои қаблӣ ба хонандагонамон  иттилоъ дода будем.

Подробнее...

93,21 ФОИЗ ҶОНИБДОРИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО

Сокинони ноҳияи Файзобод ҳам бо дарки баланди масъулият дар рӯзи раъйдиҳӣ ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ҷонибдории хешро аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Бино ба иттилои аз комиссияи ҳавзаи раъйпурсии Файзобод, рақами 14 ба мо дастрас шуда, раъйпурсӣ дар ноҳияи мо чунин натиҷа додааст:

Подробнее...

Подкатегории