ХАБАРҲО
ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ЗИЁД АСТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:23
Пешрафту ободии ҳамаи соҳаҳои ноҳия ҳангоми таҳияи буҷаи маҳаллӣ аз таҳлили ҳаматарафа ва таҳияи асосноки соҳаҳо аз ҷониби кормандони Раёсати молияи ноҳия вобастагии калон дорад. Аз зери назари онҳо дурнамои ягон соҳа ақиб нахоҳад монд. Рақамҳои аз ин ниҳод ба дасти мо расида умедбахшанд, зеро агар соли 2000-ум ба буҷаи ноҳия 728147 сомонӣ даромад шуда бошад, пас соли 2015 ин рақам ба 34711800 сомонӣ расидааст. Хароҷот бошад аз 693046 сомонии соли 2000 дар соли 2015 33476604 сомониро ташкил медиҳад, яъне дар зарфи понздаҳ сол қисми даромад қариб панҷоҳ маротиб афзудааст. Даромадҳо аз ҷамъи андозҳои маҳаллӣ агар соли 2000-ум 143271 сомонӣ бошад пас соли 2015 ба 15936362 сомонӣ расид, ки ин 111 маротиб афзудааст.
БОЗОРИ НАВ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 09:51
Дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор Файзалӣ Сайдалиев аз деҳаи Хамисавраи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо дастгирии раиси ноҳия ва хазинаи Оғохон дар қисмати ҷанубии деҳаи Чаноро, назди шоҳроҳ бозорчаи маҳсулоти кишоварзиро сохта, мавриди истифода қарор дод.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва сафариён метавонанд бо нархи арзон аз бозорча харидорӣ кунанд.
Бобо ҲОКИМ.
КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ СОҲИБИ БИНО ШУД
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:11
Рӯзи 29 август дар маркази ноҳия дафтари кории КИ ҲХДТ ифтитоҳ гардид. Ба ин хотир ҷамъомади хотирмон баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур фаъолони ҳизбии ноҳия ва намояндагонии ҲХДТ аз шаҳру навоҳии Роғун, Рашт, Нуробод, Лахш ширкат намудаанд.
МУАССИСА БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ОМОДА АСТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 09:49
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба соли нави таҳсил пурра омода аст.
Таъмири муассисаро падару модарон ба тариқи ҳашар ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ба анҷом расониданд.
Муассиса дар соли нави таҳсил зиёда аз 600 нафар хонандаро дар оғӯш мегирад.
Ҳоким САФАР.
ОБОДКОР
- Подробности
- Опубликовано 04.08.2016 09:20
Ободӣ ин накӯкорист. Онҳое ба чунин корҳо даст мезананд, ки фидоиянду пешрафту ободии диёрро дар мадди аввал мегузоранд.
Маҳмадалӣ Ёров аз зумраи чунин шахсиятҳост. Ӯ сарварии ҶФДММ ”Ғаюр”-ро дар ноҳия ба уҳда гирифтаас. Кору бораш роҳсозию бунёдкорист.
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:15
Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 5 августи соли 2016 Қаҳҳоров Темур Шарифович мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Рашидова Махфират Мансуровна дар асоси фармоиши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати ҶТ аз 2 августи соли 2016 мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод таъйин гардиданд.
ШОҲРУХ МАҶИДОВ ВАКИЛ ИНТИХОБ ШУД
- Подробности
- Опубликовано 04.08.2016 09:14
Рӯзи 17 июли соли равон интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи интихоботии Кабкрез -12 баргузор шуд.
Интихобкунандагони ҳавзаи мазкур намояндаи ҲХДТ Шоҳрух Маҷидовро ба ҳайси вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пазируфтанд.
Ш. Маҷидовро ба ҳайси номзад ба ин мақом конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар ноҳия пешниҳод карда буд.
“НФ”.
ОБОДКОРӢ ДАР БӮСТОН
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:14
Бисёр корҳои ободонӣ дар ноҳия аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон оғоз мегардад ва ҳамин аст, ки даромадгоҳи деҳаи Бӯстон ҳам як соли охир диданӣ шудааст.
Имсол ба таъсиси Ҷамоати деҳоти Бӯстон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соли 1996 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаву ба ҳайати он деҳаҳои Офтобрӯя, Бӯстон, Ҳаймаҳмадӣ, Себистон, Чилчашма дохил мегарданд бист сол пур мешавад.
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
- Подробности
- Опубликовано 04.08.2016 09:09
Бо қарори раиси ноҳия муовини якуми раиси ноҳия – Акрамзода Зиёратшо Акрам ва муовини раиси ноҳия – Раҷабзода Сайбинисо Бобишо бо сабаби ба кор дигар гузаштанашон аз рӯзи 18 июли соли 2016 аз вазифа озод карда шуданд.