Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

Бо қарори раиси ноҳия муовини якуми раиси ноҳия – Акрамзода Зиёратшо Акрам ва муовини раиси ноҳия – Раҷабзода Сайбинисо Бобишо бо сабаби ба кор дигар гузаштанашон аз рӯзи 18 июли соли 2016 аз вазифа озод карда шуданд.

Дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарари раиси ноҳия аз рӯзи 18 июли соли 2016 раиси Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия Бӯриев Абӯбакр Иброҳимович ба мансаби муовини якуми раиси ноҳия ва Раҷабова Нурия Ҷунайдовна – сармутахассиси Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби муовини раиси ноҳия таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди раиси ноҳия ва бо қарори маҷлиси ҷамоати шаҳраки Файзобод аз рӯзи 19 июли соли 2016 Раҷабова Сайбиниссо Бобишо ба вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Файзобод ва бо пешниҳоди раиси ноҳия ва бо қарори маҷлиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон аз рӯзи 21 июли соли 2016 Боев Ҷаҳонбег Амоналиевич ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон интихоб гардиданд.