Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

Аз Тоҷикистон ба кадом кишварҳо бе раводид сафар кардан мумкин аст?

Озодтарин кишвари ҷаҳон Олмон шинохта шуд, мақоми дуюмро дар феҳрист Сингапур гирифту дар сатри сеюм Шветсия, Бритониё, Дания, Итолиё, Норвегия, Финляндия, Фаронса ва Ҷопон ҷой гирифтаанд

Ширкати Henley & Partners феҳристи ҷадиди "қувваи" гузарномаҳои дунёро мунташир кардааст.

Тоҷикистон дар ин феҳрист дар мақоми 81-юм ҷой гирифтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид бо гузарнома аз 54 кишвари дунё боздид кунанд.

Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд — Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве ва Мавритания номбар шудаанд

Узбакистон ҳам дар бари Тоҷикистон дар сатри 81-ум қарор гирифтааст.

Қазоқистон дар мақоми 65-ум бо Белорус ҷойгир шуда, Қирғизистон дар сатри 76-ум ҷой гирифтааст.

Русия дар ин феҳрист дар сатри 49-ум ҷой гирифтааст. Шаҳрвандони ин кишвар бидуни раводиди метавонанд аз 11 кишвари дунё боздид кунанд.

Озодтарин кишвари ҷаҳон Олмон шинохта шуд, мақоми дуюмро дар феҳрист Сингапур гирифту дар сатри сеюм Шветсия, Бритониё, Дания, Итолиё, Норвегия, Финляндия, Фаронса ва Ҷопон ҷой гирифтаанд.

Сомонаи «Sputnik»

БОЛИДАРӮҲИИ МАРДУМ

 

Дар 8 деҳаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Асозода ва раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Раҷабзода Миралӣ атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯриҳо намояндагон муҳтавои Паёмро ба мардум ба таври возеҳ фаҳмонда онҳоро баҳри бунёдкорию созандагӣ, фаровонҳосилӣ, рушди соҳаи боғпарварӣ дар талу теппаҳо, заминҳои лалмӣ ҳидоят намуда, боварӣ бахшиданд, ки дар қаламрави ҷамоат маркази саломатӣ дар деҳаи Фатҳобод, корхонаи дӯзандагӣ барои 15 нафар ҷойи корӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар вохӯрӣ ҷамъомадагон доир ба мушкилоти рӯз саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

«ГУЛИСТОН» НОМИ РОЗИБЕК НАЗРИБЕКОВРО ГИРИФТ

 

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар иҷлосияи  навбатӣ, ки рӯзи 25 декабр доир гардид, пешниҳоди комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар бораи иваз намудани   номи кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод ба номи  Назрибеков Розибек маъқул донистанд. Ҳамчунин вакилон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани  номҳои  ғайримеъёрии ҷуғрофии Ҷамоати деҳоти Бӯстон мавзеи Бошбулоқ ба Саричашма, дараи Узбекҳо ба дараи Ҳамдилон, дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд мавзеи Қарамайдон ба мавзеи Карамайдон, дар Ҷамоати  деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев мавзеи Байдара ба мазеи Войдара, дар Ҷамоати деҳоти  Чашмасор мавзеи Узбакӣ ба  мавзеи  Себзор, чарогоҳи Узбакӣ ба чарогоҳи Испандҷо, чашмаи Қара ба чашмаи Кара, дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт дараи Қортҳо ба дараи Чағоразор ва чашмаи  Қортҳо ба  чашмаи  Чағоразорро  дастгирӣ намуданд.

 Раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ  ба масъулин супориш дод, ки чорабинии насби лавҳаи хотиравиро дар яке аз биноҳои кӯчаи ба номи  Розибек Назрибеков  дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор намоянд. 

 

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

25 декабри соли 2017  Иҷлосияи сездаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 38 нафар дар Иҷлосия ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, идора ва хоҷагиҳо, намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, ВАО ва ходимони дини ноҳия даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии №32 Саидов Аскар котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Раҷабов Сироҷиддин,  вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, Абдураҳимов Шамсиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии №17, Ғиёсова Саломат, вакил аз ҳавзаи интихоботии №40 интихоб гардиданд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

- Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва  иқтисодии ноҳия  дар соли 2017.

- Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018.

- Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллии ноҳия.

- Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018.

- Дар бораи тасдиқ намудани  фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018.

- Дар бораи пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017, №8\27-1300.

- Дар бораи  иваз намудани  номи  мавзеъҳои ҷуғрофии ноҳия ва иваз  намудани номи кӯчаи  Гулистони шаҳраки Файзобод.

- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории  Маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои  соли 2018.

- Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия.

Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт. Баъд ба баррасии масъалаҳо шурӯъ карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва  иқтисодии ноҳия  дар соли 2017» Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ маърӯза кард.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда Акрамзода Зиёратшо,  вакил аз ҳавзаи интихоботии №22, Ҷалилов  Маҳмадалӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №24, Зиёев Ҳусейн вакил аз ҳавзаи интихоботии №33 ба музокира  баромада, андешаҳои қобили қабул изҳор намуданд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018» сухан ба сардори  раёсати молия Раҷабов Иноятулло дода шуд. (Матни маърӯзаҳо дар шумораи ояндаи газета чоп мешавад).

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ барои соли 2018» сардори нозироти андозҳои ноҳия Ализода Л. баромад намуд. Аз рӯи масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзнома  «Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018»  ва «Дар бораи тасдиқ намудани  фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018» мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Салимзода А. ахборот дод. Аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзномаи иҷлосия оид ба иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳия ва номгузории кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод сухан ба раиси комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунайдовна баромад кард. Масъалаҳои ҳаштум ва нуҳуми рӯзномаи иҷлосия дар бораи тасдиқи нақшаҳои кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2018, инчунин  тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳияро  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Шаъбон пешниҳоди вакилон намуд.   Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ иҷлосияи сездаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷумро ҷамъбаст намуда, изҳор кард, ки соли сипаришуда барои ҳар як фарди ноҳия соли хотирмон, соли пурфайзу бобаракат боқӣ мемонад. Зеро бо душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда бо заҳмати зиёди роҳбарону кормандон ва хоҷагидорон дастовардҳои зиёди меҳнатӣ ва  корҳои ободию созандагӣ амалӣ гаштаанд.

Соли оянда дар назди роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳо, хусусан фаъолони ноҳия вазифаҳо хеле зиёду пурмасъуланд. Мо боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо бо сарбаландӣ мебароед ва дар ободию шукуфоии диёрамон саҳми арзандаи хешро мегузоред.

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ пахш гардид.

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН»

Соли 2017 - Соли ҷавонон

 

Иттилоъ дода будем, ки бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмуни  ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон гардида буд. Ин озмун дар се давр – даври аввал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ доир мегардид.

Даври ноҳиявӣ рӯзи 9 ноябр дар пешайвони Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор шуд. Дар он 6 ҷуфт оилаҳои ҷавони беҳтарин аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, аз рӯи шартҳои озмун, ки аз бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ, фароғатӣ, ҳаҷвӣ, фарҳангӣ, андарзӣ иборат буд, байни худ мусобиқа намуданд. Дар ҷамъбаст намояндаи оилаи ҷавон аз Ҷамоати шаҳраки Файзобод Эҳсон Зубайдов ва ҳамсараш Гулдастаи Маҳмадулло сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон», Нарзулло Хоҷаев ва ҳамсараш Роҳила Дӯстзода аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод сазовори ҷойи дуюм ва унвони «Оилаи соҳибмаърифат», Мақсудшоҳ Сафаров ва ҳамсараш Савринисо Зайниддинова аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон соҳиби ҷойи сеюм ва унвони «Оилаи соҳибхирад», оилаҳои ҷавон Шарофиддин Файзуллоеву Мадина Шарифова аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон, Худойназар Гулмуродзодаю Мавзуна Ризоева аз Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Субҳиддин Маҳмадиеву Наврӯза Раҷабова аз Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт соҳиби унвони «Оилаи намунавӣ» гардиданд.

Воқеан, ғолиби озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» Эҳсон Зубайдов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Гулдастаи Маҳмадулло хатмкардаи коллеҷи тиббии ноҳия буда, дар Соли ҷавонон оилаи нав барпо кардаанд. Бо ин ғолибият охири моҳи ноябр ин оилаи ҷавон дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.

Муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова озмунро ҷамъбаст намуда ба ғолибон ва оилаҳои беҳтарини насли калонсол, аз ҷумла ба  Пайкамоҳ Муғниева – модаре, ки фарзандонашро ихтиёран ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ фиристодааст, (аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод), Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.

ОМӮЗИШИ ПАЁМ ДАР ТАЪЛИМГОҲ

 

Коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 27 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар»-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Директори муассиса Пирмуҳаммади Тоҳир оид ба Паёми имсолаи Роҳбари давлат гузориш дод. Омӯзгорон Собири Ҳалим, Фароғат Содиқова, Маҳмад Кассиров, Илҳомуддин Азимов иброз намуданд, ки дар Паёми имсола роҳбари давлат нисбати омӯзгорон, ғамхорӣ зоҳир карда маоши соҳаи маорифро 15 фоиз баланд бардошт. Ғамхории Сарвари давлат моро водор месозад, ки сифати таълиму тарбияро беҳтар ба роҳ монем, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия намоем.

СИЁСАТМАДОРИ ВАРЗИДАЮ МУБОРИЗИ ФАЪОЛИ СУЛҲУ ОСОИШ

16 НОЯБР -

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хушсурату хушқомате чун Рустами Дастон,
Хотири адолат шуда эҳё Анӯшервон.

Дар рӯзи ғами миллати бечораю сарсон,
Дар байни заминею само волаю ҳайрон.

Оре, ӯ диле дошт пур аз меҳр ба миллат,
Аз сӯйи Худованд бишуд Раҳбари давлат.

Ҳар ҷо, ки сухан дар бораи шахсиятҳои барҷастаи миллат меравад, кас барои изҳори андеша ба душворӣ мувоҷеҳ мегардад. Зеро зиндагии чунин шахсиятҳо худ намунаи муборизаву азхудгузаштанҳо ва ҷоннисориҳост. Вақте ки таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар кишвари мо роҳандозӣ гардид, пешорӯи ҳар як фарди аз хурд то бузурги ин миллат хизматҳои аз доираи андеша берун, матонату ҷасорати аз андоза беруни ин марди шариф ҷилвагар мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир, муборизи фаъоли арсаи сулҳу осоиштагӣ дар тамоми дунё шинохта мешавад, тавонист бо неруи ақлу заковати азалӣ ва донишу фазилати баланд кишвари ҷангзадаи моро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ аз бӯҳрони офатбори ҷанги бародаркушӣ наҷот диҳад. 

Президенти ҶТ, Сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.
Заминаи таърихии ин ид 6 ноябри соли 1994 мебошад, ки бо баргузории нахустин интихоботи президентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти ҶТ, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шурӯъ намуд. Рӯйдоди мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нав оғоз ёфт. Ва барои беҳтар шудани зисту зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам омад. Бо назардошти ҳамаи ин бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола ба таври бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта,тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти ҶТ интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда дошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти ҶТ дар он аст, ки мардуми мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро қадр намоем, зеро маҳз бо шарофати ӯ ва сиёсати пешгирифтаву муваффақонааш ӯ дар роҳи ободии ватан, арҷгузорӣ ба таърихи бостонии миллат ва ташаббусҳои созандаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона назар дорад.
Гузашта аз ин, рақамҳо гувоҳи ҳоланд, ки танҳо дар даврони сарварии ин марди содиқу бошарофат, кишвари ҷангзадаю аз лиҳози иқтисодиёт дар пояҳои поёнӣ қарордоштаи мо, ҷаҳиши бузургеро пушти сар намудааст. Зеро дар тамоми соҳаҳо мо ба маротиб ба муваффақияту пешравиҳо ноил гардидаем. Ҳамаи ин бо розигии Худованд ва ҳидояту раҳанамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мо даст додааст. Аз ин хотир аст, ки тамоми мардуми кишвар таҷлили ин ҷашни ба дил наздикро бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва миннатдории самимӣ аз чунин раҳбари хирадманду закӣ пешвоз мегиранд.

СОЛИ ХОТИРМОН БУД СОЛИ 2017

 

Акбар Кенҷаев, раиси маҳаллаи деҳаи Кенҷаобод:

Соле, ки рафт, барои маҳаллаи мо-Кенҷаобод соли пурфайзу бобарор ва хотирмон буд. Кӯшишу талошҳои ҷавонони деҳа буд, ки пеш аз оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо дастгирии Барномаи ҷонибдории манотиқи куҳистон (Хазинаи Оғохон) аз масофи дур ба деҳа оби тозаву софу зулол  оварда  шуд ва  орзуву ормонҳои чандсолаи мо- сокинони деҳаи Кенҷаободи Ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев  ҷомаи амал пӯшид.

Мо боз  даҳҳо нақшаву  амалҳои дигарро дар соли оянда тарҳрезӣ намудем.

Робия САЛИМОВА, директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия:

- Мо барои бою ғанӣ гардондани осорхона кӯшишҳои зиёд карда, ба мақсадҳои дилхоҳи худ расидем. Дар осорхона вобаста ба воқеаҳои муҳими сол, хусусан «Соли ҷавонон», таърихи ин диёри куҳанбунёд, дастовардҳои муҳими имрӯзаи сокинони ноҳия гӯшаҳои махсус ташкил намудем.

Заҳматҳои мо бар абас нарафтанд. Осорхонаи Файзобод дар озмуни ҷумҳуриявии «Оинаи таърих», ки ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ эълон шуда буд, ҷойи дуюмро соҳиб шуда, сазовори Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ гардид. Ин мукофотро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ман супурд, ки, албатта, дар хотир дер гоҳ боқӣ мемонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тозагӣ соли 2018-ро «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд. Акнун, фикр мекунам, масъулияти мо дучанд зиёд шуд. Вобаста ба ин ният дорем, ки дар осорхона гӯшаҳои алоҳида бо дастранҷҳои усто Солеҳбеки машҳур, Ҳалима Шарифоваи чевар ва Сайёра Раҳимоваи рассом ҷудо намоем. Ниятҳо дар сурате амалӣ мегарданд, ки бахши фарҳанг, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд.    

Абдулло  Табаров, омӯзгори  мактаби рақами 60:

- Соли 2017 дар лавҳи хотираҳо нақши доимӣ гузошт. Ин соле буд, ки баъд аз солҳои тӯлони маро боз ба мактаб, назди фарзандони халқ овард. Басо кайфияти  аҷиб дорад бо наврасон дарс гуфтан, шеваи ҳарф омӯхтан.  Дар ростои зиндагӣ соле чанд  баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ  дар муҳоҷирати корӣ, берун аз кишвар  будем ва шукр, ки фарзандон адои таҳсилу  пайи кору вазифа шуданд ва дигар эхтиёҷ ба сафар нест.  Ният кардам , ки донишу таҷриба ва малакаи кориамро дубора барои Ватан- таълиму тарбияи насли наву ҷавон бахшам. Ва шукр, ки ин ҳама ба соли рафта –соли 2017 рост омад. Мактабу мактабиён, волидайни онҳо низ аз таҷрибаи корам розӣ ва ман аз ин боварии онҳо сари ифтихор дорам. Муаллим вақте аз худ розӣ ҳаст, ки ҳам шогирд, ҳам мактаб ва ҳам оила аз ӯ розӣ аст. Ман кӯшиш мекунам, ки аз зумраи ҳамин гуна омӯзгорон бошам.

Ҷунайдулло КАРИМОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш:

- Муҳимтарин воқеае, ки соли 2017 дар ҳаёти ман рух дод, таъйин шуданам ба вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мебошад. Бори вазнини чунин масъулиятро моҳи март ба дӯш гирифтам. Азбаски Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буд, бо мақсади ба соли ҳақиқии ҷавонон табдил ёфтани сол нақшаи чорабиниҳоро такмил дода, кӯшиш кардем, ки бештар навигариҳоро рӯйи кор биёрем. Аз хусуси ташкили «Шоми ҷавонон» бо ифтихор сухан ронда метавонам, ба он далел, ки ин чорабинии ҳарҳафтаинаро ҷавонон хуш пазируфтанд. Суҳбату андешарониҳо хеле ҷолиб буданду истироҳату фароғат ҳам. Дар ин бобат бахши фарҳанг фаъолона моро дастгирӣ кард.

Дар бораи дастовардҳои варзишӣ ба таври хосса қайд кардан мехоҳам. Ду нафар ҷавони файзободӣ – яке Гулбиддин Раҳматзода (аз деҳаи Мӯминобод) ва дигаре Маҳмадшариф Наҷмиддинов (аз деҳаи Ҷавонон) дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Модоме сухан аз варзиш  меравад, бояд инро ҳам бигӯем, ки соли гузашта барои инкишофи соҳа, обутоби ҷисмонии  ҷавонон корҳои боз ҳам муҳимтар ба анҷом расонда шуданд. Дар саросари ноҳия 66 адад майдончаҳои волейбол ба ихтиёри ҷавонон супурда шуд. Бо 30 ҳазор сомонии аз буҷаи ноҳия ҷудогардида гирду навои майдончаҳои варзишии деҳаҳои Кабкрез, Арзанова, Лолагиро панҷарабандӣ намудем.

Ҳиссаи ҷавонон дар ободкорию дарахтшинонӣ арзандаи гуфтан аст. Бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳудуди 9 ҷамоати амалкунанда беш аз 15 ҳазор ниҳол сабз карда шуд.

Офтобхон АБДУЛЛОЕВА, омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20:

- Соли гузашта барои мо, занон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки меъёри истифодаи барқ бардошта шуд. Акнун мо тамоми фасли сол шабонарӯзӣ аз неруи барқ истифода мебарему мушкилии рӯзгори мо осон гардид.

ЧОРАБИНИИ ИДОНА

Ба ифтихори бистусеюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори филармонияи халқии ноҳия чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ зимни баромади худ ҳозиринро ба ин Рӯзи хотирмон муборакбод намуд. Раиси суди ноҳия Қудратзода С.Қ. аз аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати тақдирсоз сухан кард.
Дар анҷоми чорабинии идона санъаткорони ноҳия бо ҳунарнамоии худ табъи ҳозиринро болида гардониданд. Чунин чорабиниҳои идона дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор шуда, аз эҳтирому арҷгузории сокинони ноҳия ба ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсози миллат гувоҳӣ медиҳад.

Подкатегории