Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

СОЛИ ХОТИРМОН БУД СОЛИ 2017

 

Акбар Кенҷаев, раиси маҳаллаи деҳаи Кенҷаобод:

Соле, ки рафт, барои маҳаллаи мо-Кенҷаобод соли пурфайзу бобарор ва хотирмон буд. Кӯшишу талошҳои ҷавонони деҳа буд, ки пеш аз оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо дастгирии Барномаи ҷонибдории манотиқи куҳистон (Хазинаи Оғохон) аз масофи дур ба деҳа оби тозаву софу зулол  оварда  шуд ва  орзуву ормонҳои чандсолаи мо- сокинони деҳаи Кенҷаободи Ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев  ҷомаи амал пӯшид.

Мо боз  даҳҳо нақшаву  амалҳои дигарро дар соли оянда тарҳрезӣ намудем.

Робия САЛИМОВА, директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия:

- Мо барои бою ғанӣ гардондани осорхона кӯшишҳои зиёд карда, ба мақсадҳои дилхоҳи худ расидем. Дар осорхона вобаста ба воқеаҳои муҳими сол, хусусан «Соли ҷавонон», таърихи ин диёри куҳанбунёд, дастовардҳои муҳими имрӯзаи сокинони ноҳия гӯшаҳои махсус ташкил намудем.

Заҳматҳои мо бар абас нарафтанд. Осорхонаи Файзобод дар озмуни ҷумҳуриявии «Оинаи таърих», ки ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ эълон шуда буд, ҷойи дуюмро соҳиб шуда, сазовори Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ гардид. Ин мукофотро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ман супурд, ки, албатта, дар хотир дер гоҳ боқӣ мемонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тозагӣ соли 2018-ро «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд. Акнун, фикр мекунам, масъулияти мо дучанд зиёд шуд. Вобаста ба ин ният дорем, ки дар осорхона гӯшаҳои алоҳида бо дастранҷҳои усто Солеҳбеки машҳур, Ҳалима Шарифоваи чевар ва Сайёра Раҳимоваи рассом ҷудо намоем. Ниятҳо дар сурате амалӣ мегарданд, ки бахши фарҳанг, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд.    

Абдулло  Табаров, омӯзгори  мактаби рақами 60:

- Соли 2017 дар лавҳи хотираҳо нақши доимӣ гузошт. Ин соле буд, ки баъд аз солҳои тӯлони маро боз ба мактаб, назди фарзандони халқ овард. Басо кайфияти  аҷиб дорад бо наврасон дарс гуфтан, шеваи ҳарф омӯхтан.  Дар ростои зиндагӣ соле чанд  баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ  дар муҳоҷирати корӣ, берун аз кишвар  будем ва шукр, ки фарзандон адои таҳсилу  пайи кору вазифа шуданд ва дигар эхтиёҷ ба сафар нест.  Ният кардам , ки донишу таҷриба ва малакаи кориамро дубора барои Ватан- таълиму тарбияи насли наву ҷавон бахшам. Ва шукр, ки ин ҳама ба соли рафта –соли 2017 рост омад. Мактабу мактабиён, волидайни онҳо низ аз таҷрибаи корам розӣ ва ман аз ин боварии онҳо сари ифтихор дорам. Муаллим вақте аз худ розӣ ҳаст, ки ҳам шогирд, ҳам мактаб ва ҳам оила аз ӯ розӣ аст. Ман кӯшиш мекунам, ки аз зумраи ҳамин гуна омӯзгорон бошам.

Ҷунайдулло КАРИМОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш:

- Муҳимтарин воқеае, ки соли 2017 дар ҳаёти ман рух дод, таъйин шуданам ба вазифаи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мебошад. Бори вазнини чунин масъулиятро моҳи март ба дӯш гирифтам. Азбаски Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуда буд, бо мақсади ба соли ҳақиқии ҷавонон табдил ёфтани сол нақшаи чорабиниҳоро такмил дода, кӯшиш кардем, ки бештар навигариҳоро рӯйи кор биёрем. Аз хусуси ташкили «Шоми ҷавонон» бо ифтихор сухан ронда метавонам, ба он далел, ки ин чорабинии ҳарҳафтаинаро ҷавонон хуш пазируфтанд. Суҳбату андешарониҳо хеле ҷолиб буданду истироҳату фароғат ҳам. Дар ин бобат бахши фарҳанг фаъолона моро дастгирӣ кард.

Дар бораи дастовардҳои варзишӣ ба таври хосса қайд кардан мехоҳам. Ду нафар ҷавони файзободӣ – яке Гулбиддин Раҳматзода (аз деҳаи Мӯминобод) ва дигаре Маҳмадшариф Наҷмиддинов (аз деҳаи Ҷавонон) дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Модоме сухан аз варзиш  меравад, бояд инро ҳам бигӯем, ки соли гузашта барои инкишофи соҳа, обутоби ҷисмонии  ҷавонон корҳои боз ҳам муҳимтар ба анҷом расонда шуданд. Дар саросари ноҳия 66 адад майдончаҳои волейбол ба ихтиёри ҷавонон супурда шуд. Бо 30 ҳазор сомонии аз буҷаи ноҳия ҷудогардида гирду навои майдончаҳои варзишии деҳаҳои Кабкрез, Арзанова, Лолагиро панҷарабандӣ намудем.

Ҳиссаи ҷавонон дар ободкорию дарахтшинонӣ арзандаи гуфтан аст. Бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳудуди 9 ҷамоати амалкунанда беш аз 15 ҳазор ниҳол сабз карда шуд.

Офтобхон АБДУЛЛОЕВА, омӯзгори фанни забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20:

- Соли гузашта барои мо, занон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки меъёри истифодаи барқ бардошта шуд. Акнун мо тамоми фасли сол шабонарӯзӣ аз неруи барқ истифода мебарему мушкилии рӯзгори мо осон гардид.