ХАБАРҲО
«ГУЛИСТОН» НОМИ РОЗИБЕК НАЗРИБЕКОВРО ГИРИФТ
- Подробности
- Опубликовано 02.01.2018 13:18
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар иҷлосияи навбатӣ, ки рӯзи 25 декабр доир гардид, пешниҳоди комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар бораи иваз намудани номи кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод ба номи Назрибеков Розибек маъқул донистанд. Ҳамчунин вакилон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номҳои ғайримеъёрии ҷуғрофии Ҷамоати деҳоти Бӯстон мавзеи Бошбулоқ ба Саричашма, дараи Узбекҳо ба дараи Ҳамдилон, дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд мавзеи Қарамайдон ба мавзеи Карамайдон, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев мавзеи Байдара ба мазеи Войдара, дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор мавзеи Узбакӣ ба мавзеи Себзор, чарогоҳи Узбакӣ ба чарогоҳи Испандҷо, чашмаи Қара ба чашмаи Кара, дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт дараи Қортҳо ба дараи Чағоразор ва чашмаи Қортҳо ба чашмаи Чағоразорро дастгирӣ намуданд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба масъулин супориш дод, ки чорабинии насби лавҳаи хотиравиро дар яке аз биноҳои кӯчаи ба номи Розибек Назрибеков дар арафаи ҷашни Наврӯз баргузор намоянд.