Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ФАЙЗРЕЗ ФАЙЗИ НАВРӮЗӢ ДОРАД

Деҳаи Файзрез даромадгоҳи шаҳраки Файзобод аст. Чун деҳа дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш ҷо гирифтааст, то андозае муаррифгари симои ноҳия мебошад. Тайи ду соли охир корҳои ободонӣ дар ин русто хуб ҷараён дорад. Ин муддат сокинони деҳа бо дастгирии раиси ноҳия атрофи шоҳроҳи зикршуда беш аз 2 ҳазору 500 бех ниҳоли ороишии арча шинонида, нигоҳубин ва обмонию нашъунамояшро пайваста назорат мебаранд.

Шиору овезаҳои Сулҳу Дӯстӣ ва Ваҳдату Якдилӣ, ки аз ҷониби рост қад-қади роҳ қомат афрохтаанд, шаҳодати якдилии сокинони маҳал аст. Ҳамин дӯстиву рафоқат ва сарҷамъии мардум ва дастҷамъона саҳм гузоштан дар ободониву созандагӣ боис шудааст, ки симои ин деҳа рӯз аз рӯз дигар мешавад. Сангфарш гардидани роҳҳои дохили маҳал дар ҳаҷми 3 ҳазору 500 сомонӣ, таъмиру азнавсозии чойхонаи ҷамъиятӣ ва ба макони фарҳангӣ-фароғатӣ табдил додани он бо сарфи 7 ҳазору 500 сомонӣ, оғози бунёди толори вазишӣ дар назди муассисаи таълимии деҳа ба дастгирии раиси ноҳия ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ (айни ҳол таҳкурсиаш рехта шудааст) аз ободкориҳои чашмрас мебошанд.

Бо мақсади тарғиби «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шоҳроҳ рамзи онро насб намудаанд, ки симои муҷаллои деҳа ҳусни тоза гирифт.

Айни ҳол бошад, ҷавонони деҳа тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ варзишгоҳи деҳаро азнавсозӣ намоянд.

Баҳри амалигардонии ин кори нек мардуми Файзрез зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ карданд. Алҳол корҳои тахту ҳамворкунӣ дар майдони варзишӣ ба итмом расидаву дигар корҳои сохтмонӣ   ба таври васеъ бо сарҷамъии мардум ҷараён дорад. Мо ният дорем, ки варзишгоҳро бо таври замонавӣ то таҷлили иди байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор диҳем.

АМАЛИЁТИ «НАВРАС»

Дар асоси фармону дастурҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандест, ки гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонони шуъбаи корҳои дохила, дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаи маориф ва бахши кор бо  ҷавонон ва варзиш дар муассисаҳои  таълимии ноҳия барои пешгирии ҷиноят аз тарафи наврасону ҷавонон оид ба амалиётҳои «Наврас», «Оворагард» ва «Пиёдагард» силсилавохӯриҳоро гузаронида истодаанд. Алакай чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 35, 11 ва 15 баргузор гардиданд. 

 Имрӯз дар қайди ШКВД-и ноҳия нисбати се нафар ноболиғ варақа ва парванда оғоз карда шудааст. Шумораи умумии дар шуъбаи корҳои дохилӣ ба қайд гирифташудагон 8 нафарро ташкил медиҳад. Ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ бурда мешавад.

Баромадкунандагон оид ба ҷиноят содир кардани баъзе хонандагон  ҳарф заданд. Чунин силсилавохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор мегардад.

МАШВАРАТИ СУДМАНД

Ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон   машварати омӯзишии боғпарварони ҷамоатҳои қисмати поёнии ноҳия оид ба истифодаи заҳрхимикатҳо ва шаклдарории боғҳои мавҷуда гузаронида шуд. Дар машварат корманди муассисаи заҳрхимикаткунонии боғҳо дар назди Вазорати кишоварзӣ Тоҳир Раҳимов, корманди стансияи таҷрибавии боғпарварии ноҳия Саидҷаъфар Абдуллоев, олими соҳа Ҳукматулло Қодиров ва сардори раёсати кишоварзии ноҳия Шамсулло Абдуназаров иштирок карда оид ба тарзи коркард, ғизодиҳӣ ва истифодаи зархимикатҳо ба боғпарварон маслиҳатҳои муфид доданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик чунин машваратро дар се ҷамоатҳои деҳоти минтақаи болоии ноҳия низ гузаронанд.

ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Маркази деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод то рафт ободу зебо шуда, ба ҳуснаш ҳусни нав зам мекунад.

Мағозаи хӯроквории Ҷамол Раҷабов низ дар маркази ҷамоати мазкур ҷо гирифтааст. Аз хизматрасонии ин мағоза сокинони Ҷамоати деҳоти Мискинобод қаноатманданд. Зеро нархи маводи хурока инҷо нисбати дигар нуқтаҳои тиҷоратии воқеъбуда хеле арзон аст. Ҳамчунин муносибати ӯ ба мизоҷон дар сатҳи баланд будаву тозагии дохил ва гирду атрофи он табъи касро мекушояд. Ҳамчунин Ҷамол Раҷабов дасти сахо дошта, ба ашхоси ниёзманд кӯмак мерасонад.

Ҳамин аст, харидорон нисбати дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ба мағозаи Ҷамол Раҷабов бисёртар омадаву ҳоҷаташонро инҷо дастрас мекунанд.

ХОНАИ НАВ - ТӮҲФА ДАР АРАФАИ ИД

Беҳтарин рӯйдод дар соли 2016 барои мардуми тоҷик, махсусан сокинони диёр таваллуди чоргоникҳо дар хонадони сокини деҳаи Даштимарзои Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт Қудратулло Боев буд. Ин тифлакон, ки Эмомалию Раҳмоналӣ ва Анисаю Муниса ном доранд, имрӯз калонаку роҳравак шудаанд. Аз рӯзи таваллуд то имрӯз оилаи онҳо зери назорату ғамхории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар арафаи иди Рӯзи модар бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳия М. Раҷабзода дар деҳаи Саричашма хонаи чорҳуҷрагӣ сохта бо тамоми шароиту таҷҳизот ба онҳо ҳадя карда шуд. Имрӯз хурсандии падару модари тифлаконро аз ин ғамхории падаронаи раис поён нест.

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Тибқи қарори раиси ноҳия   оид ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз   кумитаи тадорукот ва нақша чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба таҷлили ин ҷашн ба тасвиб расидааст. Дар асоси нақшаи таҳияшуда баргузории ҳашарҳо барои тоза намудани кӯчаву маҳаллаҳо, шинондани гулу дарахтони сояафкану ороишӣ, насби шиору овезаҳои идона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст. Озмунҳои «Маликаи Наврӯз», «Беҳтарин хони Наврӯзӣ», «Беҳтарин Наврӯзгоҳ» ҳамчунин мусобиқаҳои варзишии футболу волейбол ва шоҳмоту гӯштин, ки дар арафа ва рӯзҳои ид гузаронида мешаванд, шукӯҳи ин ҷашни аҷдодиро меафзояд.

Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз ва сайри таърихии он» аҳли зиё ва муҳақиқони Наврӯзи бостонро ҷалб хоҳад кард. Мавриди истифода қарор гирифтани чанд иншоти иҷтимоӣ дар маҳаллаҳо низ туҳфаи идона дар рӯзҳои баҳорӣ барои сокинон хоҳад гашт.

«Набзи Файзобод» муваззаф шудааст, ки ҷараёни баргузории чорабиниҳои Наврӯзиро инъикос намояд.

200 НАҚШАИ СОЗАНДА

Соли сипаригаштаи 2017 дар соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои пешрафт ба чашм мерасад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин сол 182396 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба  соли қаблӣ 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Боиси хушнудист, ки соли равон дар ноҳия бо ҷалби лоиҳаҳои амалкунанда корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла дар ин давра бо ибтикори Барномаи Оғохон дар деҳаҳои Лолагӣ, Арзанова, Кенҷаобод се  лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуд, ки маблағи умумӣ 2237 ҳазор сомониро фаро мегирад. Инчунин дар деҳаҳои Дараи гӯсфандак, Муллотуғма ва Чаноро бо ҷалби маблағҳои Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа” ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” ба маблағи 114 ҳазор сомонӣ хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Корея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Барномаҳои номбурдаи соҳаи тандурустӣ сохтмони марказҳои саломатиро дар деҳаҳои Дубеда ва Орифон идома дода истодаанд.  Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта  3 миллиону 149 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Соли 2017 аз шумораи 1501 нафар хатмкардагон 1102 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 231 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 490 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардиданд. Дар маҷмӯъ 721 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯ гардиданд, ки нисбат ба соли 2016-ум 20 фоиз зиёд аст.

Баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”  ва дигар барномаҳои давлатии соҳа миёни занҳо корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бурда, барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. 186 нафар занони ноҳия  дар корҳои роҳбарикунанда адои вазифа намуда, 37 нафар бонувон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва  маҷлисҳои  вакилони Ҷамоатҳо  интихоб шудаанд. 

Дар бораи ин ва дигар дастоварду камбудиҳои ташкилоту муассисаҳои  ноҳия, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии МО ҶТ Раҷабзода Миралӣ  дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш бо иштироки  кормандони  васоити ахбори оммаи мамлакат ва ноҳия доир гардид,  сухан кард.

Сипас Раҷабзода Миралӣ  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ба суолҳои  хабарнигорон посух гуфтанд.

Маълум гардид, ки ҶДММ «Ганҷи ҳилол» баъди  ба дараҷаи ниҳоӣ расидани саршумори мурғ ва қатъи истеҳсоли тухм аз нав  ба фаъолият шурӯъ намуда, парвариши 160 ҳазор чӯҷаро ба роҳ мондааст. Корхонаи коркарди шир дар маркази ноҳия арафаи иди Наврӯз мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бояд зикр кунем, ки барои коркарди шири дар ноҳия итеҳсолшаванда як корхона басанда нест. Мушкилоти чароғакҳои раҳнамои маркази ноҳия низ ҳалли худро хоҳад ёфт. Номгузорӣ ба кӯчаву маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси фикру дархости мардум ва мувофиқ ба хизматҳои  дар ҷамъиятдоштаи ашхоси шинохта  боиси дастгирист. Аз фурӯш боздоштани маҳсулоти пастсифат боиси саломатии сокинони ноҳия ва манфиати ҷомеа хоҳад буд. Ин  аз  ҷумлаи суолҳое буданд, ки дар ин нишаст посухи худро дарёфтанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки соли равон тибқи барномаи рушди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ноҳия  беш аз 200 нақшаи созандагиву бунёдкорӣ  амалӣ мегардад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия ва пайдо шудани даҳҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми кори нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  ба  рӯзноманигорон барои баёни камбудиҳо изҳори миннатдорӣ намуда,  боварӣ ба он бахшид, ки дар ҳалли   бисёр мушкилоти мавҷуда худи эҷодкорон ҳам саҳми муносиб мегузоранд.

КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Инак, баҳори нозанин боз аз омад-омади худ дарак дод. Бо фаро расидани баҳори нозанин корҳои ободонию созандагӣ дар қисмати поёнии ноҳия аз шинонидану нарм кардани дарахтони сояафкану ҳамешасабзи ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат- Лахш муташаккилона оғоз гардид. Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон ва Ҷамоати шаҳрак ба ҳашари дастаҷамъона баромада, бехи 3375 дарахти арчаро нарм ва 650 ниҳоли хушкидаро иваз карда, корҳои тозакунии ҷӯю заҳбурҳоро ба сомон расониданд. Инчунин дар маркази ноҳия зиёда аз 1,5 ҳазор гули навъи тошкантӣ шинонида шуд. Тибқи нақша имсол дар ноҳия зиёда аз 35 ҳазор ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад.

Кишоварзону боғдорони хоҷагиҳои поёни ноҳия ба кишту кори баҳорӣ оғоз кардаанд. Боғпарварон аллакай аз 667 гектар боғи нақшавии имсола дар майдони 76,9 гектар боғ гузаронида зиёда аз 114 гектар боғҳои мавҷударо аз шоху навдаҳои зиёдатӣ тоза карданд.

Деҳқонон низ ба омадани баҳор ҳаматарафа тайёрӣ   дида,  баробари дигар корҳои баҳорӣ дар майдони 38 гектар картошка шинонданд. Онҳо мақсад доранд, ки майдони кишти картошкаро дар ноҳия ба 600 гектар ва сабзавотро ба 1000 гектар расонанд.

ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА

Бахшида ба биступанҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ дар толори  Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохтори ҳуқуқӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони байналмилал ҷамъомади тантанавӣ доир мегардад.

Пеш аз оғози чорабинии идона намоиши дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони Ҷамоати шаҳраки Файзобод  пешкаши ҳозирин мешавад.

Иштирокдорони  ҷамъомади идона аз ҳунармандии сокинони  ҷамоати мазкур дидан хоҳанд кард.

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳамаи  муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ноҳия баргузор мешавад.

Подкатегории