Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ФАЙЗРЕЗ ФАЙЗИ НАВРӮЗӢ ДОРАД

Деҳаи Файзрез даромадгоҳи шаҳраки Файзобод аст. Чун деҳа дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш ҷо гирифтааст, то андозае муаррифгари симои ноҳия мебошад. Тайи ду соли охир корҳои ободонӣ дар ин русто хуб ҷараён дорад. Ин муддат сокинони деҳа бо дастгирии раиси ноҳия атрофи шоҳроҳи зикршуда беш аз 2 ҳазору 500 бех ниҳоли ороишии арча шинонида, нигоҳубин ва обмонию нашъунамояшро пайваста назорат мебаранд.

Шиору овезаҳои Сулҳу Дӯстӣ ва Ваҳдату Якдилӣ, ки аз ҷониби рост қад-қади роҳ қомат афрохтаанд, шаҳодати якдилии сокинони маҳал аст. Ҳамин дӯстиву рафоқат ва сарҷамъии мардум ва дастҷамъона саҳм гузоштан дар ободониву созандагӣ боис шудааст, ки симои ин деҳа рӯз аз рӯз дигар мешавад. Сангфарш гардидани роҳҳои дохили маҳал дар ҳаҷми 3 ҳазору 500 сомонӣ, таъмиру азнавсозии чойхонаи ҷамъиятӣ ва ба макони фарҳангӣ-фароғатӣ табдил додани он бо сарфи 7 ҳазору 500 сомонӣ, оғози бунёди толори вазишӣ дар назди муассисаи таълимии деҳа ба дастгирии раиси ноҳия ба маблағи зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ (айни ҳол таҳкурсиаш рехта шудааст) аз ободкориҳои чашмрас мебошанд.

Бо мақсади тарғиби «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шоҳроҳ рамзи онро насб намудаанд, ки симои муҷаллои деҳа ҳусни тоза гирифт.

Айни ҳол бошад, ҷавонони деҳа тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ варзишгоҳи деҳаро азнавсозӣ намоянд.

Баҳри амалигардонии ин кори нек мардуми Файзрез зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ карданд. Алҳол корҳои тахту ҳамворкунӣ дар майдони варзишӣ ба итмом расидаву дигар корҳои сохтмонӣ   ба таври васеъ бо сарҷамъии мардум ҷараён дорад. Мо ният дорем, ки варзишгоҳро бо таври замонавӣ то таҷлили иди байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор диҳем.