ХАБАРҲО
ДАСТИ ХАЙРУ САХО ДАР АРАФАИ ИД
- Подробности
- Опубликовано 14.06.2018 10:44
Саховатмандиву дасти ниёзмандонро гирифтан аз амалҳои ҳамидаи инсонӣ буда, мақому мартабаи касро дар ҷомеа боло бурда, маҳбубу қарини мардум мегардонад. Ин амали хайр дар сарчашмаҳои дини мубини Ислом ҳам зиёд дарҷ шудааст. Ва Худованд ҳам ба шахси хайркунанда ваъдаи офият аз шарру бадӣ ва биҳишти ҷовидонаро додааст.
НАХУСТИН ДАСТОВАРДИ ПИЛЛАПАРВАРОН
- Подробности
- Опубликовано 29.05.2018 10:48
Як ҳафта мешавад, ки Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба ҷамъоварии пилла машғул аст. То ин дам аз кирмакпарварон зиёда аз 300 кг пиллаи тар қабул шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:43
Мувофиқи нақша-чорабинии комиссияи доимии назди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат вохӯриҳои масъулини дастгоҳи ҷамоат бо толибилмон баргузор шуд. Дар суҳбат масъалаҳо атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамчунин атрофи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Вохӯриҳоро бо суханони ифтитоҳӣ раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонгир Боев оғоз бахшид.
Сипас мутахассиси ҷамоат Кароматулло Саидов дар бораи вазифаҳои волидон дар тарбияи фарзанд сухан ронда, нақши оиларо дар тарбияи фарзанд ёдрас шуд.
Ҳукмиддин Сафаров, муовини раиси ҷамоат атрофи масъалаи доғи рӯз, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, бо таассуф қайд намуд, ки кам ҳам бошад ин рафтори номатлуб дар миёни сокинони ҷамоат мушоҳида мегардад. Бинобар ин зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо волидон, омӯзгорон ва, умуман сокинони ҷамоат, ба ҳар сурат пеши роҳи ин амалҳои хатарзоро бигирем.
Шодмон Сайфиддинов бошад дар масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳудуди ҷамоат маълумот дода, кам гаштани қонунвайронкуниҳоро дар ин самт хотиррасон кард.
-Ӯ таъкид намуд, ки масъалаи фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, аҳамияти воқеӣ доштани қонуни ҳаётан муҳим ба мардум боз ҳам хубтар фаҳмонда шавад.
Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷамоат сурат гирифт.
ДАСТИ ДУЪО
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 10:29
Бояд эҳсос намуд, ки Пешвои муъаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мардумро, миллаташро дӯст медорад. Мани пири ҳафтодсола инро аз ҳар як суханаш ҳис мекунам. Ман пирона шеър мегӯяму Пешвои миллатро, то тавонам, васф менамоям.
Обрӯю эътиборат бахти мо,
Гуфтугӯи дилпазират бехато.
Бо забони ноб мегӯӣ сухан,
Мефизояд рангу ҳусни анҷуман.
Тоҷикистонро намоён кардаӣ,
Парчамашро зеби даврон кардаӣ.
Бахту иқболат муборак Пешво,
Давлатат поянда обод раҳнамо!
Нури Истиқлол бо доди Худо,
Дод моро раҳнамои бовафо.
Мекашӣ заҳмат барои миллатат,
Офарин, сад офарини ҳимматат.
Доимо обод бошӣ, сарбаланд,
Ҳам тану ҷонат раҳояд аз газанд.
Пешаи кори ту хушҳолии мо
Аҳли оламро бувад дасти дуъо.
НАҚША САД ГЕКТАР
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:18
Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А.Назиров солҳои қаблӣ дар майдони зиёда аз сад гектар картошка кишт намуда, соле ба ҳисоби миёна то 5 ҳазор тонна картошка истеҳсол мекард. Номдорони меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Пӯлод Абдураҳмонов, обчиҳо Ҷунайдулло Нуров, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Авғон Гулов аз ҳар гектар то 400 сентнер ҳосил мебардоштанд. Вале баъдтар КВДТ-и ба номи А.Назиров шуҳрати пештараро аз даст дод. Сардори нави хоҷагӣ Инъом Шарифов ният дорад, ки имсол майдони кишти картошкаро ба 100 гектар расонад.
Майдонҳои муайянгардида хушсифат шудгор карда мешаванд. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек ба қадри кофӣ тухмӣ захира карда шудааст.
ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ АВВАЛ
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 10:24
Дар маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе намоиш-озмуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони «Баракати истиқлол» доир гардид. Намояндагони ноҳияи мо дар номинатсияи «Беҳтарин таъоми миллӣ» ҷойи аввалро соҳиб гардида, бо туҳфаи хотиравӣ ва Дипломи дараҷаи 1-и Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Дар ин сабқат кадбонуҳои файзободӣ хӯроки миллии далдаро омода ва пешкаши ҳакамон гардониданд.
ТАЪЙИНОТ
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:16
Бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ аз 12 апрели соли 2018, таҳти рақами 124 Сафаров Лашкар Асламович ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод таъйин гардид.
Дар ин мансаб ӯ Толибов Давлатхӯҷа Ҳайдаршоевичро иваз кард.
Ҳамчунин бо фармоиши директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ аз 12 апрели соли 2018, бо рақами 111 Шарифзода Муродалӣ Назаралиевич директори КДФ «БММҒ»-и ноҳия таъйин шуд. Сарвари пешини ин корхона Абдуллоев Савриддин Хоралиевич ба вазифаи муовини директори корхонаи мазкур гузаронида шуд.
ҶАНГАЛ САРВАТИ БЕБАҲОСТ
- Подробности
- Опубликовано 02.05.2018 09:16
Хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дорои 13636 гектар замин аст. Имрӯз масъулини хоҷагӣ дарахтони бодому дулона, себу нок, ангуру биҳӣ, чормағзу фарк, заранг, пушол ва арчаро нигоҳубин мекунанд, то ки шумораи гиёҳу меваҳои саҳроӣ бар асари осебрасонии инсону табиат аз байн нараванд. Тавре раиси хоҷагии ҷангал Муродулло Нуров иброз намуд, ҳар сол аз гиёҳҳои шифобахш 500-600 кило ҷамъоварӣ намуда, барои тансиҳатии мардум ба марказҳои форматсевтии ҷумҳурӣ месупоранд. Дар хоҷагӣ зиёда аз панҷоҳ намуд гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ки барои саломатӣ дармон мебахшад.
Воқеан ҳам, ҷангал сарвати бебаҳост, агар мо, ҷомеаи башарӣ, аз он оқилонаву сарфакорона ва безарар истифода намоем. Дар акси ҳол хароб намудани он ҳам ба муҳити атроф зарари калон дорад.
БА ЁДИ ДӮСТМУРОД
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 14:56
Дирӯз, 19 апрел, ба хотири гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев дар толори филармонияи халқии ноҳия барномаи фарҳангии «Ёди ҳофиз» доир шуд. Дар чорабинӣ мухлисону пайравони мактаби ҳофиз аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштанд.
Баргузории чорабинии мазкур гувоҳ аз он буд, ки ҳунару истеъдоди асилу нотакрор зиндаву поянда хоҳад монд.