ХАБАРҲО
ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 24.04.2018 15:43
Мувофиқи нақша-чорабинии комиссияи доимии назди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат вохӯриҳои масъулини дастгоҳи ҷамоат бо толибилмон баргузор шуд. Дар суҳбат масъалаҳо атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамчунин атрофи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Вохӯриҳоро бо суханони ифтитоҳӣ раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонгир Боев оғоз бахшид.
Сипас мутахассиси ҷамоат Кароматулло Саидов дар бораи вазифаҳои волидон дар тарбияи фарзанд сухан ронда, нақши оиларо дар тарбияи фарзанд ёдрас шуд.
Ҳукмиддин Сафаров, муовини раиси ҷамоат атрофи масъалаи доғи рӯз, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, бо таассуф қайд намуд, ки кам ҳам бошад ин рафтори номатлуб дар миёни сокинони ҷамоат мушоҳида мегардад. Бинобар ин зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо волидон, омӯзгорон ва, умуман сокинони ҷамоат, ба ҳар сурат пеши роҳи ин амалҳои хатарзоро бигирем.
Шодмон Сайфиддинов бошад дар масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳудуди ҷамоат маълумот дода, кам гаштани қонунвайронкуниҳоро дар ин самт хотиррасон кард.
-Ӯ таъкид намуд, ки масъалаи фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, аҳамияти воқеӣ доштани қонуни ҳаётан муҳим ба мардум боз ҳам хубтар фаҳмонда шавад.
Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷамоат сурат гирифт.