ХАБАРҲО
ДАСТИ ХАЙРУ САХО ДАР АРАФАИ ИД
- Подробности
- Опубликовано 14.06.2018 10:44
Саховатмандиву дасти ниёзмандонро гирифтан аз амалҳои ҳамидаи инсонӣ буда, мақому мартабаи касро дар ҷомеа боло бурда, маҳбубу қарини мардум мегардонад. Ин амали хайр дар сарчашмаҳои дини мубини Ислом ҳам зиёд дарҷ шудааст. Ва Худованд ҳам ба шахси хайркунанда ваъдаи офият аз шарру бадӣ ва биҳишти ҷовидонаро додааст.
Дар моҳи шарифи рамазон соҳибкорони диёр Маҳмадраҷаб Нуров аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва Дилшод Ҳаитов аз Ҷамоати деҳоти Чашмасор амали хайрхоҳонаро пеша намуда, дасти ниёзмандону дармондагонро гирифтанд. Онҳо ба мардуми ҷамоатҳои мазкур дар алоҳидагӣ зиёда аз 50-халта орд кӯмак намуданд.
Дар қатори инҳо ҶДММ “Ганҷи ҳилол” ва соҳибкорони Ҷамоати шаҳраки Файзобод чунин амали некро идома дода, ба табақаи ниёзманд, собиқадорон ва маъюбону иштирокчиёни ҷанг кумаки модӣ, аз қабили орду равған биринҷу шакар ва дигар анвои хӯрокаро расониданд. Амали неки соҳибкорону саховатмандони диёр маротибаи аввал набуда, пайваста дасти ёриии онҳо арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои милливу динӣ ба сокинони диёр мерасад.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.