ХАБАРҲО
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 07.07.2018 09:01
Рӯзи 2 июли соли равон Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия ҳузур доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо ва ходимони дин даъват шуда буданд.
ДАРГУЗАШТИ ДӮСТМУРОД ҲАКИМОВ
- Подробности
- Опубликовано 26.06.2018 12:30
Дӯстмурод Ҳакимов яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод дирӯз -25 июн, соати 13 дар бемористони "Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки гурдаҳои Дости Бурут бар асари фишори бемории қавс (аденома) аз кор монд.
КИШТИ КАРТОШКА ДАР 610 ГЕКТАР
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 16:23
Дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ кишоварзони ноҳия аз иҷрои супориши нақшавии кишти картошка бо сарбаландӣ баромаданд. Дар майдони 610 гектар картошка кишт карда шуд, ки нақшаро 104 фоиз таъмин мекунад.
Майдони кишти картошка дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ба 50 гектар, Меҳробод 54 гектар, Вашгирд 8,2 гектар, ба номи Дӯстмурод Алиев 71 гектар, Ҷавонон 100 гектар, Чашмасор 54 гектар, Қалъаидашт 110,8 гектар, Мискинобод 28 гектар, хоҷагии ҷангал 4 гектар расонида шуд.
Хурсандибахш аст, ки имсол бо саъю кӯшиши раиси хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров Ином Шарифов дар майдони 124 гектар картошка шинонда шуд, ки ин дастоварди калон мебошад. Картошкашинонӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия идома дорад.
С.ТИЛЛО.
ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 16:41
Чанде пеш дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзуҳои “Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табииву техногенӣ, шиноварӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа” таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда” ва “Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулодда” доир гардид. Ҷамъомадро сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар ноҳия полковник Давлатзода М. оғоз намуда, ҳадафи омӯзиши мазкурро баланд бардоштани савияи дониш, малакаву маҳорат ва дар ҳолати омодабош қарор доштани мардум арзёбӣ кард.
Омӯзиши мазкур марҳилавӣ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вохӯрӣ дар ноҳия маротибаи сеюм мебошад.
Вобаста ба мавзуҳои болозикр аз маркази мазкур сардори шуъбаи таълимӣ подполковник Тоҷиддин Аҳмадов, омӯзгори калон -майор Аслигул Тоирова ва методисти шуъбаи методии ҳамин марказ Дувунаева Гулбаҳор маърӯза намуда, ба иштирокчиён, ки директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ буданд, аз нозукиҳои мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.
11 ИНШООТИ ҶАШНӢ АРМУҒОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА МАРДУМ
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 16:00
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар назди таърих 21 сол ин чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастоварди бузурги таърихӣ мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробар ба чандин даҳсолаҳо расонд.
ҶОЙИ МАРДОНИ САХӢ БОШОД БИҲИШТ
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 16:32
Абдурашид Маҷидовро чун марди саховатпешаву хайрхоҳ дар тамоми қаламрави ноҳия мешиносанд. Зеро ӯ дар арафаи ҳар як ҷашну маросим, бахусус арафаи идҳои Рамазону Қурбон ба оилаҳои ниёзманди ноҳия, хусусан Ҷамоати деҳоти Мискинобод, дар ҳадди имкон дасти мададу кӯмак дароз менамояд. Имсол ҳам чун солҳои пешин дар арафаи иди саиди Рамазон ба сокинони ниёзманди шаҳраки Файзобод ва ҳашт деҳаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод гӯшт, равған, шакар ва анвои ширинӣ тақсим намуд. Кош, сафи ҳамин гуна саховатпешаҳо бештар гардад.
Ҳоким САФАР
ВАҲДАТ-МАВЗӮИ СИТОДИ САЙЁР
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 15:56
Ҳафтаи пешин раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода дар деҳоти Мискинобод бо ҳузури роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо «Ситоди сайёр» гузаронд. Ситод масъалаҳои муҳими хоҷагидорӣ, минҷумла тезондани картошкашинонӣ, тайёрӣ ба ҷамъоварии алафу коҳ барои чорвои ҷамъиятию шахсӣ, риояи қонунҳои амалкунандаро мавриди муҳокима қарор дод. Раиси ноҳия ҳолати корҳоро аз масъулон пурсон шуда, диққати ҳозиринро ба таҷлили шукӯҳманди 21-солагии Ваҳдати миллӣ ҷалб намуд. Бояд ёдрас кард, ки солгарди ҷашни Ваҳдати имсол дар деҳоти Мискинобод барпо мегардад. Роҳбари ноҳия умедворӣ кард, ки ҷашн дар сатҳи даркорӣ мегузарад.
Ҷ.БАҲОРОВ.
БОЗОРИ ИДОНАИКИШОВАРЗОНИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 16:30
Дар арафаи иди Рамазон бо супориши муовини сарвазир ва вазири кишварзии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Сино дар шафати касалхонаи Қарияи боло ярмаркаи кишоварзони Файзобод ташкил карда шуд.
Кишварзони ноҳия 300 кило гӯшт, 20 ҳазор дона тухми мурғ, 4 тонна шир ва 2 ҳазор литр оби маъдании Файзободро бо нархҳои дастрас пешкаши сокинони Душанбешаҳр гардониданд. Сокинони пойтахт аз сифату нархи арзони маҳсулоти пешкашкардаи кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ изҳор карданд.
Чунин ярмаркаҳо дар шаҳраки Файзобод низ 3 рӯз пеш аз ид бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Маҳсулоти кишорварзии Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Қалъаидашт ва Ҷавонон зуд ба фурӯш рафт.
Аз чист, ки хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати Бӯстон раисаш Ф.Ҳикматуллоев дар ярмарка иштирок надоштанд.
С.ТИЛЛО.
РӮЗИ БАРОЯМ ХОТИРМОН
- Подробности
- Опубликовано 25.06.2018 15:51
27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати бостонии мо рӯйдоди фараҳбахшу хотирмоне ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки аз ибтидои рӯзгори орому осоиштаи мардуми тоҷик дарак медод. Ин санаи муҳим боз аз он ҷиҳат барои ман азиз аст, ки дар ин рӯз, яъне 27 июни соли 1987 ду нафар – ман аз ноҳияи Фархор ва шавҳарам аз ноҳияи Дарвоз - бо ҳам оила барпо кардем. Ба ин хотир ҳамасола ин рӯзро интизорӣ мекашем, ки дар ҳалқаи фарзандон онро бо хурсандӣ ва рӯҳи болида ҷашн бигирем. Ин санаи тақдирсоз барои ман ва аҳли оилаам азизу муқаддас аст. Имрӯз ин Тоҷикистони пур аз офтобу пур аз сулҳ ва сафо дар ҳоли боз ҳам шукуфтану тарққиёт аст. Ба ин хотир мо ин хушбахтиву хушрӯзиамонро чун зар ба каф ва ин сарвати бебаҳоамонро, яъне ваҳдатамонро чун ҷон ба бар гирифта, ҳаргиз раҳо нахоҳем кард.
Моҳитобон ИСМАТОВА,
омӯзгори МТМУ №1.