ХАБАРҲО
ТАЪЙИНОТ
- Подробности
- Опубликовано 27.02.2018 08:45
Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 16 феврали соли 2018, мувофиқа бо вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуназаров Шамсулло Назарович, сардори шуъбаи кишоварзии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳамчунин бо амрҳои раиси ноҳия Нуров Фатҳуддин Мирзоевич мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанг ва Тағойзода Масрурҷони Мирзомурод мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия таъйин шуданд.
КИТОБ – БЕҲТАРИН ДӮСТ
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:42
Китобхонию китобдӯстӣ ба мо аз гузаштагонамон мерос мондааст ва мо бояд давомдиҳандаи ин мероси аҷдодиамон бошем.
Китобхонаи маркази ноҳия ҳамеша аз дӯстдорон ва ҳаводорони китобҳои бадеӣ пур мебошад. Хусусан дар давраи таътили хонандагони мактабҳо дари ин ганҷинаи бебаҳо ҳамеша ба рӯи ҳаводоронаш боз аст. Бояд гӯем, ки шавқи китобхонии насли наврас аз муомилаю рафтори китобдор вобастагӣ дорад. Китобдор бояд чунин муомилаю рафтор намояд, ки шавқи мутолиаи китобҳои бадеӣ дар ниҳоди хонанда бештар гардад. Мудири китобхонаи марказии ноҳия Нозигул Каримова дӯстдорони китобхонаро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Мекӯшад, ки дар ниҳоди насли наврас меҳру муҳаббати китобро ҷой намояд. Ӯ худ дӯстдори китоб асту зиндагиашро бе китоб тасаввур карда наметавонад. Китобро аз ҳама арзишҳо болотар дониста мегӯяд: «Китоб беҳтарин дӯсти инсон аст».
Кош, дигар китобдорон низ чун Нозигул Каримова насли наврасро бештару бештар ба китобхонию китобдӯстӣ раҳнамун созанд.
Рост ВВП Таджикистана составил 7,1%
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 15:52
Рост Внутреннего валового продукта (ВВП) в Таджикистане по итогам 2017 года, по сравнению с 2016 годом составил 7,1%.
Как сообщает Агентство по статистике при президенте РТ, ВВП страны в прошлом году сложился в размере около 61,1 млрд. сомони ($6,9 млн.).
По данным источника, в структуре ВВП все еще превалируют сельское хозяйство, охота, лесное хозяйство, рыболовство и рыбоводство – 21,1% от общего объема ВВП. По сравнению с 2016 годом доля сельского хозяйства в ВВП увеличилась на 0,4%.
Доля промышленности, включая энергетику, составляет 17% с ростом по сравнению с 2016 года в 1,9%.
Торговля, ремонт автомобилей, бытовых товаров и предметов личного пользования, гостиницы и рестораны составляют 14%, от ВВП транспорт, связь и складское хозяйство – 11,1%, налоги – 10,8%.
Avesta.Tj | 16.01.2018
ОШХОНАИ НАВ ДАР МИСКИНОБОД
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:41
Соҳибкор Рустам Қурбонов дар деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод ошхона-чойхона бунёд карда, мавриди истифода қарор дод. Ошхона-чойхона дорои ҳамагуна шароитҳои лозима мебошад. Анвои ҳархелаи хурокиҳо ва нархҳои арзон сафи мизоҷонро зиёд намудааст. Кадбонуҳо Мавзуна Маҳмадаминова, Муҳайё Қаландарова, сарошпаз Маҳрамой Эшназарова таомҳои болаззат тайёр мекунанд. Ошхона-чойхона тозаю озода асту кадбонуҳо хушмуомила.
Қадамҳои боэътимод дар ҷодаи рушди саноати миллӣ
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 15:51
Яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат соҳаи саноат ба шумор меравад. Соли сипаришуда дар роҳи рушди саноати миллии ҷумҳурӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Натиҷаи ҷамъбасти 9 моҳи соли 2017 гувоҳи он аст, ки саноатчиёни мамлакат сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҳиссаи саноатро дар таркиби Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат афзун намуда истодаанд. Дар давраи зикршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзуд. Агар соли 2016 ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 14,9 фоиз бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 17,1 фоиз расид.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2017 ба 17,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин 2, 75 миллиард сомонӣ зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,7 фоиз ба саноати коркард, 23,7 фоиз ба саноати истихроҷ ва 19,6 фоиз ба истеҳсоли неруи барқ рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 143,7 фоиз, вилояти Суғд — 132,9, вилояти Хатлон — 121,6 ва шаҳри Душанбе 103,6 фоизро ташкил дод. Соли 2017 дар мамлакат 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3000 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
- Аз нигоҳи мо дар сатҳи имрӯзаи рушди илму техника ва тағйирёбии босуръати таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, пойбанди як номгӯ кардани воридоти имтиёзноки онҳо мувофиқи мақсад нест,- мегӯяд муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар. — Ин монеа, ки дар мулоқоти Сардори давлат бо соҳибкорону сармоягузорон 14 октябри соли 2017 таъкид гардид, аз оғози соли 2018 бартараф мешавад.
Роҳи дигари рушди саноати миллӣ ва истифодаи бештари иқтидорҳои истеҳсолии он, кооператсия ва ба роҳ мондани муносибатҳои васеи ҳамкории истеҳсолӣ байни корхонаҳо барои истеҳсоли якҷояи маҳсулоти муайян ва ё фармоиши қисмҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда тавассути шартномаҳо мебошад, ки алҳол дар сатҳи дилхоҳ нест. То ҳол садҳо намуди қисмҳои эҳтиётӣ, ки истеҳсоли онҳо дар дохили Тоҷикистон имконпазир аст, аз хориҷа харида мешаванд.
- Дар соли 2018 бо мақсади ривоҷ додани ҳамкории истеҳсолӣ байни корхонаҳои ватанӣ, махсусан корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва корхонаҳои соҳаҳои дигари саноат ҳамкорӣ густариш дода мешавад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Хол Ҳайдар.
С. Суннатӣ
ЯХОБМОНӢ ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ
- Подробности
- Опубликовано 02.02.2018 15:44
Иқтисодиёти бозоргонӣ, ки имрӯзҳо мо вориди он гаштаем, тақозо дорад, ки ба қадри замин ва об бирасем. Вобаста ба ин бояд ҷиҳати истифодаи пурсамари замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз таҷриба ва ташаббусҳои нек бетараф набошем. Омили муҳим дар зимистони гарми имсола ин роҳандозӣ намудани яхобмонӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки иҷрои ин амал аз як ҷониб барои таъмини намнокӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон судманд бошад, аз ҷониби дигар барои фаровонии ҳосил заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз зироати кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ мусоидат мекунад. То ба имрӯз мувофиқи рақамҳои оморӣ аз 2100 гектар заминҳои кишти тирамоҳӣ ба 470 гектар ва 350 га боғу токзор яхоб монда шудааст.
-Агар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ яхобмониро идома диҳанд, бедоршавии бемуҳлати дарахтонро эмин нигоҳ медоранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан моҳи март ҳарорати ҳаво паст мефарояд. Аз ин рӯ, деҳқонон бояд яхобмониро ҷоннок намоянд.
Иншоотҳои обтаъминкунии ноҳия низ барои корҳои яхобмонӣ омода шудаанд. Каналҳои Ҳазора. Меҳробод ва Хуҷамард аз таъмир бароварда шудаанд.
ИМА ба сайёҳон сафари Тоҷикистонро тавсия кард
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 15:49
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири амнияти шаҳрвандонаш дар тавсияи давлатҳои дунё барои сафару саёҳат басо мулоҳизакор аст, Тоҷикистонро диёри амну шоистаи дидан муаррифӣ намудааст.
Ниҳоди номбурда дар асоси таҳлили авзои мамлакатҳои ҷаҳон рӯйхатеро барои сайёҳони амрикоӣ таҳия кардааст, ки дар он кишварҳо аз рӯи дараҷаи амният ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, - иттилоъ медиҳад оҷонсии "Sputnik". Тоҷикистон ҳамчун кишвари амнтарин барои сафар тавсиякарда шомил гаштааст. Воқеан ҳам, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на танҳо боиси сулҳу оромию ободкорӣ, ҳамчунин, рушди назарраси туризм, дар соҳа арзи ҳастӣ кардани инфрасохтору иншооти сатҳи байналмилалӣ гаштааст. Ин ҳама комёбӣ, бешак, аз чашми аҳли саёҳат, созмону ширкатҳо дур намемонад ва теъдоди онҳое, ки аз манзараҳои дилошӯби сарзамини афсонавии мо дидан мекунанд, торафт меафзояд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 мавқеи диёри моро дар сафи кишварҳои амни сайёҳӣ таҳкими бештар хоҳад бахшид.
Зимнан, дар он гурӯҳ дар баробари Тоҷикистон Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.
«Садои мардум» №7 (3801) 16.01.2018
Тоҷикистон дар истихроҷи ангишт ба рекорди таърихӣ муваффақ гашт
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 15:53
Соли гузашта дар кишвар 1,7 миллион тонна ангишт истеҳсол шуд, ки назар ба соли пешина қариб 400 ҳазор тонна бештар аст, - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав.
Тибқи маълумоти манбаъ, захираи ангишт тақрибан 4,5 миллиард тоннаро ташкил дода, ҳаҷми захираҳои ошкоргардидаи саноатӣ беш аз 320 миллион тонна мебошад. Бо истеҳсоли сӯзишвории сахт дар 14 кон қариб 20 ширкати ватанию хориҷӣ машғул аст. Дар мамлакат зиёда аз 200 корхона ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарад.
Зимнан, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон соле беш аз 300 ҳазор тонна ин намуди сӯзишворӣ истихроҷ мегашт. Соли ҷорӣ ба рекорди нав - истихроҷи 2 миллион тонна ангишт ноил гаштан мехоҳад.
Сомонаи «Regnum.ru.»
Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро барои сайёҳӣ тавсия медиҳад
- Подробности
- Опубликовано 24.01.2018 15:48
Оҷонсии иттилоотии «Sputnik» хабар медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои аз лиҳози бехатарӣ амн ва диданибоб шомил шуд. Дар гурӯҳ, инчунин ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ шомил гардидаанд.
Давлатҳо аз лиҳози бехатарӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи чорум давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ироқ, Яман, Ливия, Мали, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Сомали, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии марказии Африқо ворид гардидаанд, ки дар онҳо бехатарии шаҳрвандон ва сайёҳон умуман кафолат дода намешавад.
Департаменти давлатӣ хатарҳои имконпазири дар ин кишварҳо мавҷудбударо мисли терроризм, ҷинояткорӣ, бетартибиҳои оммавӣ, фалокатҳои табиӣ ва сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ таъкид менамояд.
Сомонаи «Sputnik»