ХАБАРҲО
КИТОБ – БЕҲТАРИН ДӮСТ
- Подробности
- Опубликовано 09.02.2018 13:42
Китобхонию китобдӯстӣ ба мо аз гузаштагонамон мерос мондааст ва мо бояд давомдиҳандаи ин мероси аҷдодиамон бошем.
Китобхонаи маркази ноҳия ҳамеша аз дӯстдорон ва ҳаводорони китобҳои бадеӣ пур мебошад. Хусусан дар давраи таътили хонандагони мактабҳо дари ин ганҷинаи бебаҳо ҳамеша ба рӯи ҳаводоронаш боз аст. Бояд гӯем, ки шавқи китобхонии насли наврас аз муомилаю рафтори китобдор вобастагӣ дорад. Китобдор бояд чунин муомилаю рафтор намояд, ки шавқи мутолиаи китобҳои бадеӣ дар ниҳоди хонанда бештар гардад. Мудири китобхонаи марказии ноҳия Нозигул Каримова дӯстдорони китобхонаро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирад. Мекӯшад, ки дар ниҳоди насли наврас меҳру муҳаббати китобро ҷой намояд. Ӯ худ дӯстдори китоб асту зиндагиашро бе китоб тасаввур карда наметавонад. Китобро аз ҳама арзишҳо болотар дониста мегӯяд: «Китоб беҳтарин дӯсти инсон аст».
Кош, дигар китобдорон низ чун Нозигул Каримова насли наврасро бештару бештар ба китобхонию китобдӯстӣ раҳнамун созанд.