ХАБАРҲО
ҶАМЪОМАДИ ХОТИРМОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2017 15:45
23-юми феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки аз он рӯз 25 сол сипарӣ гардид. Артиши навтаъсиси кишвари соҳибистиқлоли мо бо азми устувору қадами ҷиддӣ мушкилоти пешомадаро бартараф намуда сол аз сол ташаккул ёфт ва имрӯз яке аз қувваҳои пуриқтидори ҳарбӣ дар минтақа маҳсуб меёбад.
“ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ” АЗ ЧОП БАРОМАД
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2017 15:43
Арафаи иди матбуоти кишвар китоби «Шукӯҳи истиқлол» , ки дастовардҳои мардуми ноҳияро дар 25 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд, аз чоп баромад. Муаллифон кӯшиш кардаанд, ки дар китоб фаъолияти пурсамари кормандони қариб тамоми соҳаҳои ноҳияро инъикос намоянд. Хонанда ба чеҳраҳои шинохтаи ин диёр, ки барои ободию созандагиҳо софдилона заҳмат кашида, ба ин хотир сазовори мукофоти давлатӣ гардидаанд, ошно мешавад. «Шукӯҳи истиқлол», бо қалами журналистони маҳаллӣ, ходимони имрӯзаи «Набзи Файзобод» таълиф шудааст.
“НФ”.
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:44
Ҷамъи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 22 декабри соли 2016 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар ҷамъомади умумимактабӣ матни Паёмро директори муассиса Қодир Саидов қироат кард.
МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРАК
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2017 15:36
Дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод семинар-машварати ноҳиявӣ оиди ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатгузорӣ баргузор шуд. Дар машварат раисон, котибон ва сармутахассисон оид ба танзим ва ҷашну маъракаҳои ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Ҳамчунин дар кори машварат мудирони шуъбаи умумӣ ва бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахш оид ба корҳои дин Абдукарим Пиров, Нурзода Сафарбег ва Латипов Равшан ҳузур доштанд.
БО АЗМИ ҚАВӢ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:34
Эълон намудани соли 2017-ум «Соли ҷавонон» ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба насли имрӯза ва боварии бузургаш ба неруи созандаи ин табақаи ҷамъият мебошад. Имрӯзҳо ҷавонон дар бахшҳои ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла илм, маориф, иқтисод, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, ҳарбӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Инро дар мисоли ноҳияи Файзобод бараъло дидан мумкин аст. Бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ соҳибкорони маҳаллӣ ба навкориҳо машғуланд. Дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар деҳаи Бӯстон, маркази солимгардонии ҷавонону наврасон дар деҳаи Лолагӣ, азнавсозӣ ва таъмири толори варзишӣ дар деҳаи Хӯҷамард, қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои савдо далели гуфтаҳои болост.
«САРБОЗИ ВАТАН»
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:50
Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, комиссариати ҳарбии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Сарбози Ватан» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ, 72-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 гузаронида шуд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪКИД МЕКУНАД
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:30
Роҳбари давлат ба ҳамагон таъкид менамояд, ки барои ҷавонон шароити мусоиди фаъолият муҳайё созанд, онҳоро тарзе тарбия намоянд, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, «касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Роҳнамоии Сарвари давлат ояндаи ҷавононро ба сӯи илму маърифат, забондонию илмомӯзӣ мунаввар месозад. «Ҷавонон,-таъкид менамояд роҳбари давлат,-бояд аз ҳама қишрҳои ҷамеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» .
САХОВАТИ СОҲИБКОР
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:45
Соҳибкор Файзулло Абдураҳмонов, аз деҳаи Фатҳобод ҷамоати деҳоти Мискинобод дар шафати шоҳроҳ гӯшаи «Бозори деҳқон» кушод. Мардуми деҳоти Мискинобод, ки дастранҷи худро ба канори роҳ барои фурӯш мебароварданд, акнун метавонанд дар ин гӯшаи обод бемалол савдо кунанд.
Файзулло Абдураҳмонов дасти саховат дорад. Ӯ барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 панҷсаду сӣ сомонӣ бахшид.
Ҳоким САФАР.
БОЗДИД АЗ ҚИСМИ ҲАРБӢ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:29
Арафаи рӯзи ташкилёбии Артиши миллии кишвар як гурӯҳ намояндагони ноҳия бо сарварии муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. аз қисми ҳарбии 12019, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дидан намуданд.