Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

БО АЗМИ ҚАВӢ

Эълон намудани соли 2017-ум «Соли ҷавонон»  ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба насли имрӯза ва боварии бузургаш ба неруи созандаи ин табақаи  ҷамъият мебошад. Имрӯзҳо ҷавонон дар бахшҳои ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла илм, маориф, иқтисод, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, ҳарбӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Инро дар мисоли ноҳияи Файзобод бараъло дидан мумкин аст. Бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ соҳибкорони маҳаллӣ ба навкориҳо машғуланд. Дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар деҳаи Бӯстон, маркази солимгардонии ҷавонону наврасон дар деҳаи Лолагӣ, азнавсозӣ ва таъмири толори варзишӣ дар деҳаи Хӯҷамард, қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои савдо далели гуфтаҳои болост.

Соли гузашта дар маҷмӯъ 72 иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аҳолии ноҳия сол аз сол дар афзоиш аст. Алҳол шумораи ҷавонони ноҳия ба 34 ҳазор мерасад. Ҷавонон ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, кӯшиш мекунанд, ки кишвари худро ободу зебо гардонанд.

Исмоил МУҲИДДИНОВ,

рӯзноманигор.