Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ҶАМЪОМАДИ ХОТИРМОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

  23-юми феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуда буд, ки аз он рӯз 25 сол сипарӣ гардид.   Артиши навтаъсиси  кишвари соҳибистиқлоли мо  бо азми устувору қадами ҷиддӣ  мушкилоти пешомадаро  бартараф намуда сол аз сол ташаккул ёфт ва  имрӯз яке аз қувваҳои пуриқтидори ҳарбӣ  дар минтақа  маҳсуб меёбад. 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ пешрафту  такомули онро таҳти назорати бевосита қарор дод.   Зеро он таъминкунандаи амнияти кишвар,   оромию осоиштагии мардум ва суботи Тоҷикистони азизи мо ба ҳисоб меравад.

Ба хотири рӯзи таъсиси  Артиши миллӣ чорабиниҳои  зиёде  дар ноҳияи мо ҳам  баргузор шуд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлолият, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зиёд намудани шумораи ихтиёриён   ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

 Дар рӯзи таҷлили 25 солагии Артиши миллии кишвар дар толори филармонияи халқии ноҳия  бо иштироки собиқадорони  Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, сарбозони  байналмилал, иштирокдорони садамаи Чернобил, падару модарони сарбозони  ҳангоми иҷрои  хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда ва ҷавонону аҳли ҷамоатчигии ноҳия чорабинии хотирмони идона  баргузор шуд.

Раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ  зимни суханронии худ ҳозиринро  муборакбод намуда, аз роҳи пуршарафи  Артиши Тоҷикистон давоми 25 соли  барқарории он ҳарф зад. Аз саҳми  мардони бонангу номуси файзободӣ дар пешрафти он ёдовар шуда,  хизмат дар сафҳои Артиши миллиро барои ҷавонон  мактаби обутоби ҷавонмардӣ хонд.

Сипас раис аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба собиқадорони соҳа туҳфаҳо тақдим кард.

Чорабинии идона бо барномаи калони консертӣ ба поён расид.

“НФ”.