ХАБАРҲО
МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРАК
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2017 15:36
Дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод семинар-машварати ноҳиявӣ оиди ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатгузорӣ баргузор шуд. Дар машварат раисон, котибон ва сармутахассисон оид ба танзим ва ҷашну маъракаҳои ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Ҳамчунин дар кори машварат мудирони шуъбаи умумӣ ва бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахш оид ба корҳои дин Абдукарим Пиров, Нурзода Сафарбег ва Латипов Равшан ҳузур доштанд. Машваратро раиси ҷамоати шаҳрак Раҷабзода Сайбинисо кушод. Дар кори машварат тарзи коргузории кормандони ҷамоати мазкур мавриди омӯзиш қарор гирифт. Нурзода С., Пиров А. зимни суханрониашон ба коргузории ҷамоати мазкур баҳо дода, онро барои омӯзиш дар дигар ҷамоатҳо тавсия доданд.
Ҳозирин баргузории чунин машварати омӯзиширо дар оянда низ ба манфиат донистанд.
А.ГУЛОВ, сармутахассис
оид ба корҳои дини ҷамоати шаҳраки Файзобод.