ХАБАРҲО
БОЗДИД АЗ ҚИСМИ ҲАРБӢ
- Подробности
- Опубликовано 25.02.2017 12:29
Арафаи рӯзи ташкилёбии Артиши миллии кишвар як гурӯҳ намояндагони ноҳия бо сарварии муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. аз қисми ҳарбии 12019, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дидан намуданд.
Дар ҳайати гурӯҳ волидони сарбозон, даъватшавандаҳо, намояндагони ҷавонону санъаткорони ноҳия шомил буданд. Онҳо бо шароитҳои хизмат ва фароғати сарбозони қисми мазкур шинос шуданд. Сипас баромади санъаткорони ноҳия манзури аскарон гардонида шуд. Ҳамчунин дастурхони идонаи сокинони ноҳия барои сарбозон пешкаш гардид. Ташрифи меҳмонон ба қисми ҳарбӣ хотирмон анҷом ёфт.
“НФ”.