Чт12052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

«САРБОЗИ ВАТАН»

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, комиссариати ҳарбии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Сарбози Ватан» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба 24-солагии таъсисёбии  Артиши миллӣ, 72-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани мусобиқа такмил додани корҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни хонандагон, аз худ намудани талаботҳои Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои 10-11 ва омода шудан ба хизмати Модар-Ватан мебошад. Мусобиқа 3 рӯз дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 2,1 ва 59 гузаронида шуданд.  Дар мусобиқа муассисаҳои рақамҳои 16,1 ва 59 сазовори ҷойи якум, рақамҳои 15, 35, 8 ҷойи дуюм, рақамҳои 17, 7, 33 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.  Мутаассифона, муассисаҳои рақамҳои 43, 4, 3, 37, 5, 22, 53, 30, 45, 55, 34, 14, 38, 25 иштирок накарданд. Дастаҳои ғолиби муассисаҳо ба бозии финалӣ роҳхат гирифтанд. Ҷамъбасти мусобиқа нишон дод, ки таълими фанҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои ба бозиҳои финалӣ роҳхатгирифта хуб ба роҳ монда шудааст.

С.НОСИРОВ,
мушовири шуъбаи маориф.