Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

200 НАҚШАИ СОЗАНДА

Соли сипаригаштаи 2017 дар соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои пешрафт ба чашм мерасад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин сол 182396 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба  соли қаблӣ 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Боиси хушнудист, ки соли равон дар ноҳия бо ҷалби лоиҳаҳои амалкунанда корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла дар ин давра бо ибтикори Барномаи Оғохон дар деҳаҳои Лолагӣ, Арзанова, Кенҷаобод се  лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуд, ки маблағи умумӣ 2237 ҳазор сомониро фаро мегирад. Инчунин дар деҳаҳои Дараи гӯсфандак, Муллотуғма ва Чаноро бо ҷалби маблағҳои Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа” ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” ба маблағи 114 ҳазор сомонӣ хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Корея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Барномаҳои номбурдаи соҳаи тандурустӣ сохтмони марказҳои саломатиро дар деҳаҳои Дубеда ва Орифон идома дода истодаанд.  Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта  3 миллиону 149 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Соли 2017 аз шумораи 1501 нафар хатмкардагон 1102 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 231 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 490 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардиданд. Дар маҷмӯъ 721 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯ гардиданд, ки нисбат ба соли 2016-ум 20 фоиз зиёд аст.

Баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”  ва дигар барномаҳои давлатии соҳа миёни занҳо корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бурда, барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. 186 нафар занони ноҳия  дар корҳои роҳбарикунанда адои вазифа намуда, 37 нафар бонувон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва  маҷлисҳои  вакилони Ҷамоатҳо  интихоб шудаанд. 

Дар бораи ин ва дигар дастоварду камбудиҳои ташкилоту муассисаҳои  ноҳия, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии МО ҶТ Раҷабзода Миралӣ  дар нишасти матбуотие, ки чанде пеш бо иштироки  кормандони  васоити ахбори оммаи мамлакат ва ноҳия доир гардид,  сухан кард.

Сипас Раҷабзода Миралӣ  ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ба суолҳои  хабарнигорон посух гуфтанд.

Маълум гардид, ки ҶДММ «Ганҷи ҳилол» баъди  ба дараҷаи ниҳоӣ расидани саршумори мурғ ва қатъи истеҳсоли тухм аз нав  ба фаъолият шурӯъ намуда, парвариши 160 ҳазор чӯҷаро ба роҳ мондааст. Корхонаи коркарди шир дар маркази ноҳия арафаи иди Наврӯз мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бояд зикр кунем, ки барои коркарди шири дар ноҳия итеҳсолшаванда як корхона басанда нест. Мушкилоти чароғакҳои раҳнамои маркази ноҳия низ ҳалли худро хоҳад ёфт. Номгузорӣ ба кӯчаву маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси фикру дархости мардум ва мувофиқ ба хизматҳои  дар ҷамъиятдоштаи ашхоси шинохта  боиси дастгирист. Аз фурӯш боздоштани маҳсулоти пастсифат боиси саломатии сокинони ноҳия ва манфиати ҷомеа хоҳад буд. Ин  аз  ҷумлаи суолҳое буданд, ки дар ин нишаст посухи худро дарёфтанд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки соли равон тибқи барномаи рушди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ноҳия  беш аз 200 нақшаи созандагиву бунёдкорӣ  амалӣ мегардад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия ва пайдо шудани даҳҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми кори нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  ба  рӯзноманигорон барои баёни камбудиҳо изҳори миннатдорӣ намуда,  боварӣ ба он бахшид, ки дар ҳалли   бисёр мушкилоти мавҷуда худи эҷодкорон ҳам саҳми муносиб мегузоранд.