ХАБАРҲО
БОЛИДАРӮҲИИ МАРДУМ
- Подробности
- Опубликовано 19.01.2018 11:04
Дар 8 деҳаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода ва раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯриҳо намояндагон муҳтавои Паёмро ба мардум ба таври возеҳ фаҳмонда онҳоро баҳри бунёдкорию созандагӣ, фаровонҳосилӣ, рушди соҳаи боғпарварӣ дар талу теппаҳо, заминҳои лалмӣ ҳидоят намуда, боварӣ бахшиданд, ки дар қаламрави ҷамоат маркази саломатӣ дар деҳаи Фатҳобод, корхонаи дӯзандагӣ барои 15 нафар ҷойи корӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар вохӯрӣ ҷамъомадагон доир ба мушкилоти рӯз саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.