Сб04192025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОБОДКОРӢ ДАР БӮСТОН

Бисёр корҳои ободонӣ дар ноҳия аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон оғоз мегардад ва ҳамин аст, ки даромадгоҳи деҳаи Бӯстон ҳам як соли охир диданӣ шудааст.

Имсол ба таъсиси  Ҷамоати  деҳоти Бӯстон, ки  дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соли 1996 бо қарори Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис ёфтаву ба ҳайати он  деҳаҳои Офтобрӯя, Бӯстон, Ҳаймаҳмадӣ, Себистон, Чилчашма дохил мегарданд бист сол пур мешавад. 

Дар зарфи бист соли таъсисёбии  Ҷамоат дар ҳудуди он 29 нуқтаҳои хизматрасонӣ-марказҳои  савдо, ошхона, нуқтаҳои  фурӯши сӯзишворӣ  ва таъмири воситаҳои нақлиёт мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дорад. Ба сокинони Ҷамоат  2 маркази саломатӣ ва 1 бунгоҳи тиббӣ хизмат мерасонад. 4 муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи  таҳсилоти асосӣ 1659 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишвар  мавриди истифода қарор гирифтани 12 иншооти ҷашнӣ  ифтихори сокинони он аз соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Имрӯзҳо сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Себистон, Офтобрӯя, бинои  муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бӯстон бо харҷи  зиёда аз 1 миллион сомонӣ  ва ду синфхона дар деҳаи Офтобрӯя, сехи дӯзандагӣ, майдончаи волейбол дар деҳаи Себистон  ва ғайраҳо   дар арафаи анҷомёбист. Бунёди шаршараи беш аз 20-метраи сунъӣ бешак ҳусни  ин мавзеъро меафзояд.

Сокинони деҳаи Бӯстон бо ташаббуси хеш пайи ба тартиб даровардани   оромгоҳи деҳа  камар бастанд. Ин иқдом дар ноҳия  ҳамоовозӣ пайдо кард ва  дар Ҷамоатҳои деҳоти Вашгирду Ҷавонон, Чашмасору  Қалъаидашт ва Мискинобод онро идома дода истодаанд.

Ҳамаи ин  омодагиҳо ба ифтихори  ҷашни барои  ҳамаи мо азиз, Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон  гувоҳ  аз  меҳнати босуботу  оромӣ ва тинҷиву осудагии  кишвар аст.

“НФ.”