ХАБАРҲО
ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ЗИЁД АСТ
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:23
Пешрафту ободии ҳамаи соҳаҳои ноҳия ҳангоми таҳияи буҷаи маҳаллӣ аз таҳлили ҳаматарафа ва таҳияи асосноки соҳаҳо аз ҷониби кормандони Раёсати молияи ноҳия вобастагии калон дорад. Аз зери назари онҳо дурнамои ягон соҳа ақиб нахоҳад монд. Рақамҳои аз ин ниҳод ба дасти мо расида умедбахшанд, зеро агар соли 2000-ум ба буҷаи ноҳия 728147 сомонӣ даромад шуда бошад, пас соли 2015 ин рақам ба 34711800 сомонӣ расидааст. Хароҷот бошад аз 693046 сомонии соли 2000 дар соли 2015 33476604 сомониро ташкил медиҳад, яъне дар зарфи понздаҳ сол қисми даромад қариб панҷоҳ маротиб афзудааст. Даромадҳо аз ҷамъи андозҳои маҳаллӣ агар соли 2000-ум 143271 сомонӣ бошад пас соли 2015 ба 15936362 сомонӣ расид, ки ин 111 маротиб афзудааст.
Дар буҷаи маҳаллӣ соли 2015 пеш аз ҳама хароҷот ба соҳаи маориф 20809991 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 6077782 сомонӣ, фарҳанг 1131717 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки ин бозгӯи таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ба соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.
«НФ».