ХАБАРҲО
КОНФЕРЕНСИЯ ДОИР ШУД
- Подробности
- Опубликовано 01.06.2016 09:47
Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳия доир гашт. Дар конференсия раиси кумитаи мазкур Абдулло Азизов аз фаъолияти анҷомдодаи кумита давоми се соли охир ҳисоботи муфассал дод. Ҳамчунин вакилон ҳисоботи комиссияи тафтишотиро низ шунида, баъдан ҳисоботҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Баъд кумитаи ноҳиявӣ, раёсат, ҳайати комиссияи тафтишотии иттифоқҳои касаба соҳаи мазкур интихоб гардид. Бо аксарияти овозҳо Азизов А.М аз нав раиси кумита ва вакили Анҷумани навбатии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ҷумҳурӣ интихоб шуд. Дар кори конференсия муовини раиси ноҳия С. Раҷабзода ширкат дошт.
«НФ».