ХАБАРҲО
ХАЙРУЛЛО АСОЗОДА ДАР МЕҲРОБОД
- Подробности
- Опубликовано 21.09.2015 15:43
Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар толори Хонаи фарҳанги Меҳробод вохӯрии фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Бӯстон, Вашгирд ва ба номи Дӯстмурод Алиев бо вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, аз ҳавзаи интихоботии Файзобод рақами 11 Хайрулло Асозода баргузор шуд. Вохӯриро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ кушода, аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии меҳнаткашони ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.
Сипас вакили Парлумони кишвар Хайрулло Асозода аз нақши органи қонунбарори кишвар ва саҳми вакилони он дар таҳия ва қабули қонунҳо, ки дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат нақши калон доранд, ҳарф зад.
Ҳамчунин Хайрулло Асозода аз фаъолияти парлумони мамлакат сухан карда, аз ҷумла зикр кард, ки дар ҷаласаҳои маҷлиси намояндагон масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ мегарданд, ки аз қабули қонунҳо, ворид намудани таъғиру иловаҳо ба қонунҳо ва тасдиқу тасвиби санадҳои байналмилалӣ иборат мебошад. ӯ аз роҳи пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётан муҳими мардум ҳарф зад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни вакил Хайрулло Асозода ва интихобкунандагон саволу ҷавоб доир гардид. Сипас, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба Хайрулло Асозода барои чунин вохўрии судманд изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ барор хост.
Чунин мулоқотҳо бо Хайрулло Асозода дар дигар маҳаллаҳои ҳавзаи мазкур доир мегардад.
«НФ».