ХАБАРҲО
ГУНАҲКОРОН БОЯД ҶАЗО ГИРАНД
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 14:55
Дар минтақаи Мискинобод ба хотири Шоири халқии Тоҷикистон гӯрғулисарои машҳур бобои Ҳикмат Ризо муҷассама гузоштаанд. Дар поёнтари он соҳибкор Шаҳобиддин Раҳматов ошхона – чойхона бунёд кард. Чойхона – ошхонае, ки соҳибкор бунёд кардааст, бо маънои тамом дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ҷойи истироҳату фароғат аст. Инҷо чашмае ҳаст, ки обаш хунуку шифобахш мебошад. Соҳибкор дар назди ошхона – чойхона барои мизоҷон кату курсӣ ва чароғи барқӣ гузошт.
КОРҲОИ ОБОДОНӢ БОЯД ВУСЪАТ ЁБАД
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 14:41
Рӯзи 23 августи соли равон маҷлиси назоратии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва директорони мактабҳо баргузор шуд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо масъалаҳои дар маҷлис муҳокимашаванда, ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш, рафти амалишавии нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ ошно сохт.
«ДУРАХШОН» ПИСАНДИ БАЧАҲОСТ
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:43
Истироҳатгоҳи «Дурахшон», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои диёрамон – Чилча воқеъ аст, оғӯши худро ба қабули даври дуюми мактаббачагон боз намуд. Дар даври якум 120 нафар хонандагон дар ин макон истироҳати бофароғат доштанд. Даври дуюм аз рӯзи 10 июл оғоз ёфт. Дар истироҳатгоҳ барои мактаббачагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Барои хушу хуррамона гузаронидани истироҳати онҳо тез – тез шабҳои саволу ҷавоб, чистонгӯяк, шеърбарак, конференсияҳо, озмунҳои кашидани расми беҳтарин, иншои беҳтарин, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешавад.
НИШОНҲОИ ФАХРӢ БА ТАБИБОН
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2015 14:38
Ба ифтихори рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ табибони беморхонаи марказӣ Аҳмадшоҳ Таваккалов, Маҳмадалӣ Холиқов ва Лайлӣ Нусратова бо нишонҳои ифтихории «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин заҳмати гурӯҳи калони табибон бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардид.
Мукофотҳоро дар чорабинии идона ба ифтихори рӯзи табибон, ки дар толори Қасри Рӯдакӣ доир гардид, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ супорид.
ҲАМА ВАҲДАТСАРОИ ИН ВАТАН БОШЕМ
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:30
(Гузориш аз тантанаи иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия)
Ҳафтаи гузашта дар саросари кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаву барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азизу гиромист. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки садои шодиву хуррамии Ваҳдати миллӣ дари ҳар фарди Тоҷикистони азизро мекӯбад. Ин санаи хотирмон-27 июни соли 1997-ро сокинони кишвар чанд сол интизорӣ доштанд. Зеро ҳуҷҷате, ки дар ин рӯз ба имзо расид, ифодагари хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатамон буда, аз қадамҳои устувор гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти осоишта гувоҳӣ медод.
САХОВАТИ БОБОИ АБДУРАШИД
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 16:18
Инак, моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахост, ба поён мерасад. Таъкидҳои Сарвари давлатамон дар бобати дастгирию расонидани кӯмаку ёрӣ ба ятимону оилаҳои камбизоат аз тарафи сокинони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи мо низ ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мегардад. Бахусус дар даҳаи сеюми ин моҳи муборак расонидани ёриву ба сарпарастӣ гирифтани ашхоси ниёзманд ва ба кӯмак эҳтиёҷ дошта анъана шудааст.
Сокинони деҳаи Кавраки колхози ба номи Амирҷон Ҳасанови ноҳияи Қумсангир Абдурашид Маҷидов солҳо боз бо меҳнати ҳалол, аз пешаи чорводорию деҳқонӣ ризқи фаровон ба даст меорад. Ӯ бо қаноатманди шукр аз додаи офаридгор намудаву мекӯшад ашхоси камбизоату ятим низ аз файзи меҳнаташ баҳра бардоранд. Бо ҳиммати баланди ин пири барнодил арафаи иди Фитр ба ашхоси ятиму камбизоати ноҳия 300 килло гӯшт тақсим карда шуд.
КОРИ ХАЙРИ ҚАҲҲОРБЕГ
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:26
Роҳи байни деҳаҳои Заркамар ва Мискинободи ҷамоати деҳоти Мискинобод 2 километрро ташкил додаву солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надида буд. Ҳамин аст, ки роҳ валангор шудаву пастию баландиҳои баамал омада ҳолати садамавиро ба амал оварда буд. Ҳангоми боридани барфу борон қисми зиёди роҳи валангоршуда ба кул табдил ёфтаву ба рафтуомади воситаҳои нақлиёти гуногунтамға монеа эҷод мекард.
ВОХӮРИИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 16:12
Ба супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гурӯҳи таблиғотчиён дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо оиди эълон шудани “Соли 2015 - соли оила”, мавзӯҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, шомил шудани ҷавонон махсусан духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ғайра суҳбату вохӯриҳо доир карда истодаанд. Дар деҳаи калонтарини ҷамоати деҳоти Мискинобод деҳаи Фатҳобод бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия Муслима Шарифова вохӯрии судманд доир гардид.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:14
Ҳамдиёрони азиз!
17 – уми июл дар саросари мамлакат бо сипарӣ гардидани моҳи шарифу мубораки Рамазон мусулмонон иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. Иди саиди Фитр яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумлаи муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад, зеро он бо ба анҷом расидани моҳи Рамазон, яъне моҳи амалҳои неку шоиста, моҳи тоату бахшиш таҷлил мегардад.