ХАБАРҲО
КОРИ ХАЙРИ ҚАҲҲОРБЕГ
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:26
Роҳи байни деҳаҳои Заркамар ва Мискинободи ҷамоати деҳоти Мискинобод 2 километрро ташкил додаву солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надида буд. Ҳамин аст, ки роҳ валангор шудаву пастию баландиҳои баамал омада ҳолати садамавиро ба амал оварда буд. Ҳангоми боридани барфу борон қисми зиёди роҳи валангоршуда ба кул табдил ёфтаву ба рафтуомади воситаҳои нақлиёти гуногунтамға монеа эҷод мекард. Соҳибкор Қаҳҳорбег Юсуфов вазъи роҳро дида мақсад гузошт, ки то ҷашни 24 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз навсозии роҳро ба анҷом расонад. Боиси қайд аст, ки дасти хайри ин ҷавонмарди саховатпеша ҳамеша сӯи ашхоси ятиму камбизоат боз аст. Дар арафаи иди шарифи Рамазон Қаҳҳорбег ният дорад, то ба оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат ва ятимону маъюбони ҷанг кӯмаки хайрия расонад.
Ҳокими САФАР.