Пт01032025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ПАЁМ ДАСТУРИ АЙЁМ ГАРДАД

Рӯзи 26 январи соли равон маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳия доир гардид. Пеш аз оғози маҷлис раиси ноҳия атрофи самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар соли равон , ки аз Паёми рӯзи 23 январи соли равон ироа кардаи Президенти мамлакат бар меояд, ҳарф зад.

Подробнее...

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Давоми соли рафтаи 2014 дар ноҳияи Файзобод болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин карда шуда, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангу маориф ба даст оварда шудааст.

Подробнее...

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Миллати сарбаланди тоҷик 23-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҷашнеро, ки таҷассумкунандаи тамоми дастовардҳои кишвари азизамон аст, таҷлил менамояд. 23 сол мешавад, ки шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи Тоҷикистон ғарқи нури истиқлоланд.
Пас аз хатми ҳокимияти шуравӣ қариб ҳамаи самтҳои пешбарандаи ҷомеа бо таъсири ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷ гардид. Ин бесарусомонӣ ба диёри мо ҳам, ки ҷузъе аз Тоҷикистони азиз аст, таъсири худро расонид.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НО²ИЯ КАРИМИЁН ИМОМНАЗАР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ 2015

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2014 ба мо хайрбод гуфта, ба ҳукми таърих ворид шуд ва соли нави   2015, ки фарорасиашро   интизор будем, қадами муборак   гузошта, моро сӯи бунёдкориву созандагиҳо ҳидоят мекунад. Дар ин лаҳзаҳо ҳар яки мо китоби зиндагиамонро дар соли рафта варақгардон намуда, бурду бохти худро таҳлил ва барои соли нав нақшаву ниятҳои некро тарҳрезӣ мекунем. Соли нави мелодӣ мисли Наврӯз мазмуни баланд покию созандагӣ ва рӯҳи созандагиву бунёдкорӣ дорад. Ин аст, ки миллати сарбаланди мо онро нек пазируфта, анқариби сад сол муқаддам чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ба шодиву хурсандии он пайваста мебошад.

Подробнее...

НУҚТАҲОИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БОҒИМИРИЮ ХАМИСАВРА

Сокинони деҳаҳои Боғимирии ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ва Хамисавраи ҷамоати деҳоти Ҷавонон солҳои тӯлонӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Арафаи иди Истиқлолияти кишвар мушкилоти сокинони ин деҳаҳо ҳалли худро ёфт. Бо дастгирии бахши дар ноҳия фаъолиятдоштаи МСДСП хатҳои оби нӯшокӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Сокинони деҳаҳои номбурда бо дарки баланд баҳри ободии деҳа, хурду бузург дар рафти сохтмони он бо дасту дили гарм кор карданд. Ин дилгармию садоқати онҳо ба кори анҷомдодаашон дар рӯзи ҷамъомадҳои тантанавӣ, ки 29 август доир гардид, ҳис шуд.

Подробнее...

ИНШООТИ ҶАШНӢ

Дар арафаи рӯзи Истиқлолияти кишварамон дар ноҳия як қатор иншоот мавриди истифода қарор мегиранд.
Бинои зебои «Ориёнбонк» ҳусни маркази ноҳияро афзун мегардонад.
Соҳибкор Сафар Ҳалимов иншооти мазкурро ба истифода дода, дар масъалаи саривақт бо ашёҳои хониш дастрасӣ ёфтани ҳамдиёронамон мусоидат мекунад.

ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШ ХОТИРМОН БУД

Рӯзи Дониш дар саросари таълимгоҳҳои ноҳия хотирмон оғоз ёфт. Садҳо толибилмонро дабистонҳои ноҳия ба оғӯши гарми худ пазируфтанд. Чун ҳамасола якуми сентяб бо Дарси сулҳ оғоз гардид. Зеро Сулҳи пойдору устувор, Сулҳе, ки боиси оромию ваҳдату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва шукуфои кишвари азиазамон гардидаст, барои ҳар як фарди Тоҷикистон азиз аст!
Зиёда аз нуздаҳ ҳазор нафар хонандагони мактабҳои ноҳия низ имрӯз бо табъи болидаю рӯҳи тоза ба соли нави хониш шурӯъ карданд. Дар чеҳраи ҳар мактаббача ифтихор аз шукуфоию пешрафти ватани азиз ҳувайдо буд.

Подробнее...

АСАЛИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ ШИРИНТАРИН АСТ

Занбӯрапварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот, вале сердаромад ба ҳисоб меравад.
Тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» ҳамаи хоҳишмандон, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо метавонанд ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд.
Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту инкишофи соҳаи мазкур такони ҷиддӣ бахшид. Қабули барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрапварӣ ба дастовардҳои нави соҳа мусоидат кард.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ ИМОМНАЗАР КАРИМИЁН БАХШИДА БА 23–ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр зи қилу қол нест.
Ин саодат, ин каромат, ин шараф
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азиз 23-умин солгарди Иди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Одамон бо чеҳраҳои хандону шукргузорӣ аз рӯзгори хушу пурсаодат ба идгоҳ мешитобанд, аз боби ваҳдату якдилӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ, истиқлолу озодӣ ҳарф мезананд, якдигарро табрик мегӯянд.

Подробнее...

Подкатегории