ХАБАРҲО
ПАЁМ ДАСТУРИ АЙЁМ ГАРДАД
- Подробности
- Опубликовано 29.01.2015 19:19
Рӯзи 26 январи соли равон маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳия доир гардид. Пеш аз оғози маҷлис раиси ноҳия атрофи самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар соли равон , ки аз Паёми рӯзи 23 январи соли равон ироа кардаи Президенти мамлакат бар меояд, ҳарф зад. Махсусан таъкид гардид, ки Сарвари давлат бобати таъмини мардум бо барқ, беҳ намудани вазъи иҷтимоии сокинон, баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ ва нафақаву стипендияи донишҷӯён, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ махсусан корхонаҳои коркарди шир ва ғайраҳо масъулинро дастуру супориш дод. И.Каримиён таъкид намуд, ки дар ҳамаи ташкилоту массисаҳо, маҳаллаҳо барои ташвиқу тарғиби Паёми Сарвари давлат чорраҳоизаррурӣ андешанд. Бояд Паёми сарвари давлат дастури кору зиндагии ҳамгон гардад.
Сипас сардори идораи муҳити зисти ноҳия М. Назаров аз рафти корҳои беҳдоштию экологӣ дар ноҳия гузориш дод. Бахусус, корҳои дар самти беҳдошти муҳитии зист ба анҷом расонидаи сокинони ноҳия ҳарф зад. Махсусан беш аз навад ҳазор дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ дар ноҳия шинонида шуд, ки сабзиши онҳо хуб аст. Ҳамчунин сари масъалаҳои муҳофизати олами парандагон, безараргардонии лампаҳои каммасраф, вазъи партовгоҳҳои маркази шаҳрак ва ҳудуди маҳалаҳои деҳоти ноҳия ҳифзи заминҳои кишт аз ҳайвонҳои бесоҳиб ва ғайраҳо ҳарф зад.
Баҳри ислоҳи камбудиҳои дар кори кормандони идораи мазкур ҷойдошта, раиси ноҳия дастурҳои судбахш дод.
Баъдан Имомназар Каримиён аз иҷрои супоришҳои дар маҷлиси қаблии назоратӣ дода, аз масъулон пурсид. Бояд иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо таъмин гардад. Ҳамчунин ҳамагонро таъкид бар он кард, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи интихоботии дар пешистода мусоидат намоянд.
“НФ”.