ХАБАРҲО
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ ИМОМНАЗАР КАРИМИЁН БАХШИДА БА 23–ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Опубликовано 22.12.2014 09:48
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр зи қилу қол нест.
Ин саодат, ин каромат, ин шараф
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азиз 23-умин солгарди Иди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Одамон бо чеҳраҳои хандону шукргузорӣ аз рӯзгори хушу пурсаодат ба идгоҳ мешитобанд, аз боби ваҳдату якдилӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ, истиқлолу озодӣ ҳарф мезананд, якдигарро табрик мегӯянд.
Дар ин лаҳзаҳои мутантану гуворо ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин ҷашни зебо, ҷашни худшиносию бедории миллӣ - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям.
Вожаи Истиқлолият дар радифи мафҳумҳои Озодӣ, Сулҳ, Худшиносӣ, Худогоҳӣ, Ватанхоҳӣ, Озодандешӣ мутантан садо медиҳад.
Доир ба мафҳуму моҳияти истиқлолияти миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: “Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром, рамзи саодат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдевориву бақои он мебошад.
Баробари дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар даҳсолаи охири қарни 20 соҳибистиқлолӣ насиби халқи мо гашта, миллати сарбаланди тоҷик боз ба эҳё ва эъмори давлату давлатдории миллии хеш камар баст. Вале ин падида душманони моро хуш наомад. Доираҳои муайяни бадкешу манфиатҷӯй ба сари миллатамон ҷанги шаҳрвандиро бор карда, мехостанд ному нишони миллати тоҷикро аз харитаи олам нобуд созанд. Сад шукр, ки бадхоҳон ба мақсад нарасиданд. Бо шарофати хираду заковати азалии аҷдодӣ миллати тоҷик аз ин имтиҳони шадиду фоҷиабори таърих низ сарбаландона баромад. Навои сулҳу созиш танинандоз гашт.
Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди соҳибхираду соҳибдил дар марҳилаи кунунӣ аз он иборат аст, ки ҳадафҳои стратегии давлатамонро дар робита ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории он зина ба зина амалӣ намоем. Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намояд.
Ҳоло дар кишварамон 11 ширкати ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди Газпром (Россия), Тотал (Фаронса) ва ширкатҳои давлати ба мо дӯсту ҳамсояи (CNPC) Чин ба иктишофу истихроҷи нафту газ машғул буда, то имрӯз қариб як миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд, ки барои дар оянда таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва кишвар бо нафту гази худӣ замина мегузорад. Барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 130 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст ва дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар ҷумҳури 1,1 миллиард сарф хоҳад шуд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Дӯшанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе- Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон- Қурғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Тӯли 23 соли соҳибистиқлолӣ тавассути дастгириву ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талоши сокинони меҳнатқарини диёр дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар иншооти хизматрасон сохта ба истифода дода шуданд. Тибқи нақша соли ҷорӣ сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Чилчашма, Даштимарзо, ки оғози сохтмонашон ба солҳои побарҷо будани Шӯравӣ рост меояд, муассисаи таълимӣ дар деҳаи Бӯстон, толорҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақами 6 ва 33 оғоз мегарданд. Дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ бинои дармонгоҳи марказӣ, ки бо ғамхории Сарвари кишвар ва маблағгузории фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохт, муассисаи таълимии рақами 12, Ориёнбонк ва даҳҳо мағозаву дигар иншооти хизматрасон дар саросари ноҳия сохта ба истифода дода шуданд. Дастовардҳо дар соҳаҳои саноату савдо, хизматрасонӣ, маориф ва фарҳангу тандурустӣ низ дилпуркунандаанд.
Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинони ноҳия ва пойтахт аҳлона меҳнат намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Таи чанд соли охир истеҳсоли ғалла то ба 9,8 ҳазор тонна, сабзавот то ба 9 ҳазор тонна, шир 6400 тонна, гӯшт 836 тонна, асал 50 тонна, картошка 4400 тонна, мева ба 2400 тонна расонида шуд. Айни ҳол ҶДММ «Мурғи ҳилол» хуб фаъолият дошта, дар як сол беш 95 млн дона тухм истеҳсол менамояд. Дар ин коргоҳи бузург истеҳсол ва фурӯши гӯшти парҳезӣ низ ба роҳ монда шудааст. Солҳои наздик майдони боғу токзорҳои нав дар ноҳия ба 4000 гектар расонида хоҳад шуд.
Баробари ҳамаи ин, бояд иқрор шуд, ки то ба имрӯз на аз ҳамаи имконияту восита ва захираҳо босамар истифода менамоем. Вазифаи ҳар яки мо дар ин марҳилаи тақдирсоз боз ҳам афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ғанӣ намудани буҷаи давлат ва оилаамон аст.