ХАБАРҲО
АСАЛИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ ШИРИНТАРИН АСТ
- Подробности
- Опубликовано 22.12.2014 10:53
Занбӯрапварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот, вале сердаромад ба ҳисоб меравад.
Тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» ҳамаи хоҳишмандон, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо метавонанд ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд.
Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту инкишофи соҳаи мазкур такони ҷиддӣ бахшид. Қабули барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрапварӣ ба дастовардҳои нави соҳа мусоидат кард.
Дар доираи амалисозии дастурҳои Сарвари давлат даҳаи сеюми моҳи август дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар озмуни «Иди асал -2014»доир гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мгирифтанд.
Бояд қайд кард, ки мақсади асосӣ аз баргузории озмуни мазкур пешкаш намудани дастовардҳои занбӯрпарварон, ба фурӯш баровардани маҳсулоти соҳаи занбӯрпарварӣ ва ба ин соҳа бештар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи соҳибкорони ватанию хориҷӣ мебошад.
Иди асал дар ноҳияи мо рӯзи 23 август дар бозори «Хайр»-и маркази ноҳия баргузор шуд ва он ба иди ҳақиқии кормандони соҳа табдил ёфт.
Беҳтарин асалпарварони ноҳия намунаи дастовардҳои хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Баробари асали тозаву хуштамъ маҳсулоти дигари занбӯри асал-мум, шири занбур, заҳри занбур, ширеш, гарди гул намоиш дода шуд.
Айни ҳол дар ноҳия наздики шаш ҳазору шашсад оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва ҳамасола то саду бист –саду панҷоҳ оилаи занбӯр зиёд мешавад. Соли ҷорӣ истеҳсоли асал дар ноҳия ба 58 тонна хоҳад расид ва айни ҳол 21 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин бозгӯи инкишофи соҳа дар ноҳия мебошад. Боиси қайд аст, ки иқлиму боду ҳавои Файзободи мо барои занбӯрпарварӣ мувофиқ аст.
Ҳангоми аз намоишгоҳ дидан кардан раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар, намояндаи Вазорати кишоварзии кишвар Мӯсоев баҳри пешрафти соҳа маслиҳатҳо дода, таъкид намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри инкишофи занбӯри асалпарварӣ ҳамаи хоҳишмандонро дастгирӣ менамояд.
Ҷамъбасти озмун ғолибонро муайян кард. Асалпарварони ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ҷойи аввал, ҷамоати деҳоти Меҳробод ҷойи дуюм ва асалпарварони ҷамоати деҳоти Ҷавонон мақоми сеюмро ишғол карда соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Ғолибон рӯзи 30 август дар даври ҷумҳуриявии «Рӯзи асал-2014», ки дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе доир гардид, ширкат намуданд.
«НФ».