Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Миллати сарбаланди тоҷик 23-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҷашнеро, ки таҷассумкунандаи тамоми дастовардҳои кишвари азизамон аст, таҷлил менамояд. 23 сол мешавад, ки шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сар ба фалаккашидаи Тоҷикистон ғарқи нури истиқлоланд.
Пас аз хатми ҳокимияти шуравӣ қариб ҳамаи самтҳои пешбарандаи ҷомеа бо таъсири ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷ гардид. Ин бесарусомонӣ ба диёри мо ҳам, ки ҷузъе аз Тоҷикистони азиз аст, таъсири худро расонид.

Соҳаи кишоварзӣ, ки қисмати асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворист, хароб шуд. Дар бадали бисту се соли соҳибистиқлолӣ бошад, зина-зина роҳи болоравиро ихтиёр кард. Ба ин хотир тасмим гирифтем, ки оид ба ривоҷу равнақи чанде аз бахшҳои соҳаи мазкур такя бо маълумотҳои оморӣ ҳарф занем.
Соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳия замони ҳокимияти шуравӣ шуҳрати беандоза дошт. Соли 1991 саршумори парранда дар корхонаҳои мурғпарварии ноҳия ба 302165 сар мерасид. Истеҳсоли тухм бошад, 5 милиону 668 ҳазор донаро ташкил медод. Дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ парвариши парранда ба 10037 сар ва истеҳсоли тухм ба 32 ҳазор дона дар як сол баробар шуд.
Даҳаи дуюми даврони соҳибистиқлолӣ (солҳои 2001 то инҷониб дар назар аст) корхонаҳои истеҳсолӣ батадриҷ барқарор гаштанд. Рушди ин соҳа низ аз файзу баракати истиқлол ва меҳнатдӯстии сокинони диёр дубора шуҳрати пешинро барқарор намуд. Ҳоло дар корхонаҳои мурғпарварии ноҳия зиёда аз 700 ҳазор парранда парвариш меёбанд, ки соли гузашта беш аз 98 миллион дона тухм истеҳсол намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт имрӯз наздики 600 нафар сокинони диёр ба кори доимӣ таъминанд.
Аз сабаби кам будани корхонаҳои саноатӣ дар диёри мо аҳолӣ бештар ба кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ сару кор мегиранд. Дар ин ҳолат табиист, ки яке аз самтҳои асосии кишоварзӣ кишти зироатҳост.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замони авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, аз сабаби набудани ҷойи кор мардум бештар ба кишти ғалладона машғул шуданд. Он солҳо 9720 гектар заминҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия мавриди кор қарор гирифта, то 10 ҳазор тонна маҳсулот медоданд. Шукри ваҳдату соҳибистиқлолии ватан, имрӯзҳо сатҳи зиндагии мардум нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст. Ҳарчанд миқдори заминҳои истифодашуда дар соли 2013 нисбат ба солҳои пешин камтар аст, (Солҳои 1991-1992, 9720-9877 гектар ва соли 2012-2013, 9240-9177 гектар) бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи осудагии мардум таъмин шудааст. Мутмаинем, ки минбаъд ҳам ба дигар дастовардҳо ноил хоҳем гашт.
Вазифаи дигари соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ бо картошка ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то ду соли охир картошкакорӣ ба дараҷаи талабот ривоҷ наёфта буд. Натиҷаи баландтарини ин солҳо 479 гектар аст, ки ба он соли 2004 муваффақ гардида, 8299 тонна ҳосил бардоштаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ноҳия (соли 2011) картошкапарварӣ авҷу равнақ гирифт. Соли гузашта кишоварзони диёр дар майдони 743 гектар картошка кишт намуданд, ки аз он 13273 тонна ҳосил ба даст омад. Имсол алакай 2047 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.
Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифи тоҷик зина ба зина амалӣ карда истодаем.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».