Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШ ХОТИРМОН БУД

Рӯзи Дониш дар саросари таълимгоҳҳои ноҳия хотирмон оғоз ёфт. Садҳо толибилмонро дабистонҳои ноҳия ба оғӯши гарми худ пазируфтанд. Чун ҳамасола якуми сентяб бо Дарси сулҳ оғоз гардид. Зеро Сулҳи пойдору устувор, Сулҳе, ки боиси оромию ваҳдату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва шукуфои кишвари азиазамон гардидаст, барои ҳар як фарди Тоҷикистон азиз аст!
Зиёда аз нуздаҳ ҳазор нафар хонандагони мактабҳои ноҳия низ имрӯз бо табъи болидаю рӯҳи тоза ба соли нави хониш шурӯъ карданд. Дар чеҳраи ҳар мактаббача ифтихор аз шукуфоию пешрафти ватани азиз ҳувайдо буд.


Имсол, пеш аз оғози чорабиниҳои соли хониш, дар толору саҳни мактабҳо шогирдону ҳозирин тавассути телевизион дарси аввал-Дарси Сулҳро, ки Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гузаронид, ба таваҷҷуҳи хоса тамошо карданд.
Сипас тантанаҳои идона пеш аз аз оғози дарси аввал дар ҳамаи мактабҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон, собиқадорони соҳа, ашхоси намоёни маҳал доир гардид. Ҳозирин ба мактабиён хониши хубу аъло ва азбарнамоии донишҳои муосирро орзу карданд.
Аҳли маорифи ноҳия ба соли хониши нав омодагии ҳамаҷониба дидаанд, зеро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нисбати солҳои пешин барои сохтмон ва таъмиру азнав созии таълимгоҳҳо бештар таваҷҷуҳ дорад. Сохтмони чор синфхона дар назди мактабҳои деҳаҳои Қошқарӣ, Офтобрӯя идома дошта, сохтмони мактабҳои ибтидоии Бинисумч ва Кенҷаобод аз ҳисоби буҷаи маҳаллию соҳибкорон суръати тоза мегирад. Сохтмони мактаби таҳсилоти асосии деҳаи Фатҳобод барои 240 ҷойи нишаст бо маблағгузории сафорати Япония анҷом ёфта, арафаи иди Истиқлолияти кишвар мавриди истифодаи толибилмон қарор мегирад.
- Соли хониши ҷорӣ 39 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 36 нафар хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар, ва 4 нафар омӯзгорони собиқадор баҳри таълими шогирдон сафи омӯзгорони ноҳияро пурра намуданд, -гуфт зимни сӯҳбат ба мо иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаъбон Восеев, - ки ин ба мо имкон медиҳад, то раванди таълиму тарбияро дар ноҳия ба сатҳи зарурӣ равона созем.
Бояд хотирнишон кард, ки соли хониши гузашта комёбиҳои зиёд маорифчиёни ноҳияро даст дода буд. Шаш нафар хатмкунандагони мактабҳо дар даври ниҳоии озмунҳои фаннӣ ширкат намуда соҳиби медал шуданд. Наздики 500 нафар хатмкунандагон донишҷӯи мактабҳои олӣ ва техникуму коллеҷҳо гаштанд.
Таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ низ хуб аст. Хазинаи китобхонаҳои мактабиро як миқдор китобҳои нав пур кард.
Ҳамаи ин дигаргуниҳои ба вуқуъ пайваста баҳри ба воя расонидани наслҳои шоиста ва кадрҳои даврони муосир нақши калон хоҳад гузошт.


«НФ».