ХАБАРҲО
БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:59
Имрӯзҳо ба унвонии раиси ноҳия Имомназар Каримиён аз номи роҳбарони вазорату кумитаҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар барқияҳои тасаллият ирсол мегарданд. Аз ҷумла раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед менависад: «Хабари мудҳиши зери ярч мондани 10 нафар сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод боиси ҳузну андуҳи амиқи кулли мардуми Бадахшон гардид. Аз шумо, муҳтарам раис, хоҳишмандем, ки ҳамдардии самимии моро ба хонавода, хешу наздикон ва кулли мардуми Файзобод расонед. Худованди мутаъол ба наздикон ва пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд.»
КӮМАКҲО БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНШУДАГОН
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:58
Пас аз рўй додани фоҷиа дар Яккабед роҳбарони бисёр вазорату кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони ноҳияҳо, ҳизбу саховатмандон ба деҳа омада, баробари изҳори тасаллият ба оилаҳои қурбоншудагони фоҷиа кӯмакҳои молӣ мерасонанд.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2015 13:58
13 марти соли 2015 Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор шуд. Аз шумораи 38 нафар вакилони халқ, ки дар интихоботи рӯзи 1 март интихоб шуда буданд, 36 вакил иштирок доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.
БАР АСАРИ ЛАҒЖИШИ ТЕППА 10 НАФАР ҚУРБОН ШУД
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:20
Рӯзи 3 апрели соли равон, тахминан соатҳои 13:10 дақиқа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод бар асари офати табиӣ - лағжиши як теппа даҳ нафар сокинони деҳаи мазкур, ки хатти оби нӯшокии деҳаро пайваст мекарданд, зери хок монданд.
ПАЁМ-ДАСТУРИ АЙЁМ
- Подробности
- Опубликовано 05.02.2015 11:08
Пайми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар имрӯз аз мавзӯи аввалияи омӯзиш ва баррасии суҳбату вохӯриҳои сокинони ҷумҳурӣ гаштааст. Ин давраи фарогирии омӯзиш дар рӯзҳое рост омадааст, ки Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ , интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ мегирад. Дар вохӯриҳои раиси нохияи Файзобод Каримиён Имомназар ин ду масъала дар маҳаки асосии суҳбат меистад.
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БО РАИСИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:15
03.04.2015. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия Имомназар Каримиён дар робита ба офати табиии зери хок мондани 10 нафар сокинони ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.
ИНТИХОБОТ МАКТАБИ ИМТИҲОН АСТ
- Подробности
- Опубликовано 29.01.2015 19:22
Тавре ба ҳамагон маълум аст, расо баъд аз як моҳ интихоботи деринтизори мардум фаро мерасад. Чаро ки идае аз шаҳрвандони Тоҷикистон зарурат ва воқеияту моҳияти интихоботро дуруст дарк мекунанд ва албатта ин нафарон интихоботро интизор ҳам мешаванд. Раъйи дурусти мардум дар интихобот вакилони арзандаро барои Маҷлиси қонунбарори кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ муайян месозад.
ҲАМҚАДАМИ МАРДУМ
- Подробности
- Опубликовано 17.03.2015 14:14
Ёздаҳуми март ба рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” 103 сол пур шуд. Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” нишасти идона баргузор гардид. Сармуҳаррири нашрия Низомиддини Шамсиён аз роҳи тайкардаи рӯзномаи ноҳиявӣ тӯли 82 сол, ки бо номҳои “Меҳнати сотсиалистӣ”, “Меҳнати Коммунистӣ” ва “Набзи Файзобод” чоп мешавад, ёдоварӣ намуда, ифтихормандӣ аз он кард, ки нашрия дар тарбияи ахлоқии ҷомеа, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми сазовор мегузорад.
БО ТАВАҶҶУҲ МЕОМӮЗАНД
- Подробности
- Опубликовано 29.01.2015 19:20
Имрӯзҳо сокинони диёрамон, пиру барно Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 23 январи соли равон ироа шуд, бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, барномаи ҳаррӯзаи фаъолияти меҳнатӣ, оинаи ҳаёти кишвар баҳри ободию осоиштагӣ, беҳбудии ҳаёти мардум қабул менамоянд.