ХАБАРҲО
БО ТАВАҶҶУҲ МЕОМӮЗАНД
- Подробности
- Опубликовано 29.01.2015 19:20
Имрӯзҳо сокинони диёрамон, пиру барно Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 23 январи соли равон ироа шуд, бо як ҳисси баланди ватандорию ватандӯстӣ, барномаи ҳаррӯзаи фаъолияти меҳнатӣ, оинаи ҳаёти кишвар баҳри ободию осоиштагӣ, беҳбудии ҳаёти мардум қабул менамоянд. Дар Паём ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум – иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу сиёсат таҳлил шуда самтҳои асосии фаъолияти ин соҳаҳо муайян гардидааст. Мо бо ду нафар сокинони диёрамон вохӯрда, бардошти онҳоро баъди дар саҳифаҳои ВАО ва телевизион нашр шудану намоиш додан, фаҳмиданӣ шудем.
Азиз Абдураҳимов, омӯзгори собиқадор, ғолиби озмуни “Оилаи беҳтарин”. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид менамоянд, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Бо дарназардошти аҳамияти масъала мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактаҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шаванд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Ҳамчун омӯзгор доимо тарбияи хонандаро нисбат ба фанне, ки таълим медиҳам, болотар ҳисоб мекунам. Бунёди оилаи солим ҳам аз ҳамин таълиму тарбияи хонандагон, фарзандон ва оила маншаъ мегирад. Оиларо дар ҳамон замон беҳтарин ҳисоб мекунам, ки дар оила якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар, тарбияи баробарҳуқуқи фарзандон мавқеи худро дошта бошанд. Беҳтарин оила онест, ки тамоми аъзоёни оила бо рафтору гуфтор барои дигарон намунаи ибрат бошанд. Шахсан ман нафақат ба хонандагон фанни физикаро меомӯзонам, балки ҳастии худро дар хондани асарҳои бадеӣ мебахшам. Шояд бунёди оилаи беҳтарин ҳам дар хондани асарҳои бадеӣ ниҳон бошад ва онро бо тамоми ҳастӣ дарк карда тавонистан лозим. Ба оилаҳои ҷавони навбунёд тавсия медиҳам, ки бисёртатр хонанд, зиндагиро дӯст доранд ва орзую мароме, ки хостгоранд, насибашон гардад. Шукр мекунам, ки 9 нафар фарзандони азизи ману ҳамсарам ҳама баркамолу соҳибкасб дар хизмати мардуманд.
Зиккагул Зарифова, ҳимоячии Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия. Масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ бекоршавии ақди никоҳ назар ба соли 2013 9,5 фоиз зиёд мебошад. Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо ин аз ақди никоҳи давлатӣ нагузаштани шаҳрвандон мебошад. Ҳар гуна ақди никоҳе, ки аз рӯйи маросимҳои динӣ ва бе қайди дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ баста шуда бошад, ҳеҷ гуна оқибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеорад, зеро аз нигоҳи ҳуқуқ эътибор надорад. Дар шароити ҳозира бо назардошти хусусиятҳои хоси миллию таърихӣ, динӣ, расму анъана ва дигар ҷиҳатҳои этникӣ танҳо ақди никоҳи аз қайди давлатӣ гузашта ба манфиати ҳам давлат ва ҳам оила хоҳад буд. Қайди ҳатмии ақди никоҳ масъулияти ҳамсаронро дар назди якдигар ва баъдан назди кӯдакону ҷамъияту давлат баланд мебардорад. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи тиббии пешакӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Оиди аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон пеш аз издивоҷро ҳамчун ҳуқуқшинос ва ҳимоячии Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия дастгирӣ мекунам. Аз ташхис гузаштан ва вазъи саломатии ҷавононро муайян кардан ба ҳарду тарафи издивоҷкунанда имконият медиҳад, ки ба издивоҷи кур-курона роҳ надиҳанд. Чунки баъзе духтаронро дар зиндагӣ ба туҳмате, ки гӯё онҳо бокира нестанд, баъди издивоҷ дар нимароҳ мегузоранд. Дар ҷумҳурии мо ақди никоҳ баъзан бидуни майлу хоҳиши никоҳшавандагон баста мешаванд, ки оқибат ба носолимии оила, хонавайрониҳо ва дигар оқибатҳои вазнин оварда мерасонад. Ҳамдигарро дуруст нашинохтаю насанҷида аз ҷиҳати саломатӣ, маданият, саводнокӣ саросемавор хонадор шудани ҷавонон оқибат ба ҷудоӣ меорад. Барои ин ки чунин воқеаҳои нохуш рӯй надиҳанд, ҷавонон пеш аз ақди никоҳ бояд андеша кунанд, ки ақди никоҳ на танҳо қонунан расмӣ кардани муҳаббати онҳо, балки маънои дар назди қонун, давлат барои тақдири насли оянда, барои солимӣ, хушбахтӣ ва мустаҳкамии оила масъулиятнок буданро ҳам дорад.
Суҳбаторо М.ТАҒОЕВА,
хабарнигори “Набзи Файзобод”.