ХАБАРҲО
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БО РАИСИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:15
03.04.2015. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия Имомназар Каримиён дар робита ба офати табиии зери хок мондани 10 нафар сокинони ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.
Сарвари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кўмакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд.
АМИТ «Ховар».