ХАБАРҲО
КӮМАКҲО БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНШУДАГОН
- Подробности
- Опубликовано 08.04.2015 10:58
Пас аз рўй додани фоҷиа дар Яккабед роҳбарони бисёр вазорату кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони ноҳияҳо, ҳизбу саховатмандон ба деҳа омада, баробари изҳори тасаллият ба оилаҳои қурбоншудагони фоҷиа кӯмакҳои молӣ мерасонанд. Аз ҷумла Ҳукумати ҷумҳурӣ 1 тонна орд, 500 килограмӣ биринҷ, шакар ва 200 литр равған, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар оила ҳазор сомонӣ, ҳамчунин орд, биринҷ, равған, картошка, сабзӣ. раиси ноҳияи Шаҳринав як халтагӣ орд ва равған, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 5 ҳазор сомонӣ кӯмак намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки маъракаи чилу соли шаҳидонро дар якҷоягӣ гузаронанд.
«НФ».