Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ПАЁМ-ДАСТУРИ АЙЁМ

Пайми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар имрӯз аз мавзӯи аввалияи омӯзиш ва баррасии суҳбату вохӯриҳои сокинони ҷумҳурӣ гаштааст. Ин давраи фарогирии омӯзиш дар рӯзҳое рост омадааст, ки Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ , интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ мегирад. Дар вохӯриҳои раиси нохияи Файзобод Каримиён Имомназар ин ду масъала дар маҳаки асосии суҳбат меистад.

Вохӯриҳои навбатии раиси ноҳия, ки дар ҷамоатҳои Бустону Меҳробод, Вашгирд доир гашт аз бандҳои муҳими ин дастури Сарвари давлат ёдовари шуд. Хусусан, сокинони ҷамоатҳо аз боби пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ва некӯаҳволии мардуми кишвар изҳори қаноатмандӣ ҳосил намуда афзуданд, ки дар партави Паёми роҳбари давлат ва мехнати босуботашон ба зинаҳои баланди муваффақият ноил хоҳанд шуд.

Раиси ноҳия ҳамчунин дар ин вохуриҳои судманд мардуми маҳалро ба корҳои ободгароӣ ,хусусан маъракаи кишту кори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ ҷалб намуд.