Вс01052025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ

Имрӯзҳо ба унвонии раиси ноҳия Имомназар Каримиён аз номи  роҳбарони вазорату кумитаҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар барқияҳои тасаллият ирсол мегарданд. Аз ҷумла раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед менависад: «Хабари мудҳиши  зери ярч мондани 10 нафар  сокинони деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳробод боиси ҳузну андуҳи  амиқи кулли мардуми   Бадахшон  гардид. Аз шумо, муҳтарам раис, хоҳишмандем, ки  ҳамдардии самимии моро ба хонавода, хешу наздикон ва кулли мардуми Файзобод расонед. Худованди мутаъол ба наздикон ва пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд.»
 Бо чунин мазмун барқияҳои тасаллият аз номи  муовини  Сарвазири  мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ, вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо, раиси вилояти Суғд А. Қодирӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ М. Хидирзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Абдулозода А.Р, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, раиси ҲАТ Рустам Латифов, раисони шаҳру ноҳияҳои  Рашт, Тавилдара, Шаҳринав, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Данғара, Ҳисор, Кӯлоб, Ёвон ва Ҳамадонӣ, Ҷаббор Расулов, сархатиби вилояти Хатлон Эшони Саидҷон, ҳамчунин аҳли зиёи кишвар, Кароматулло Мирзоев, Табаралӣ Зиёзода, Урватуллои Тоир, Меҳриддин Ҳасанов  ворид шудаанд.