ХАБАРҲО
ИНТИХОБОТ МАКТАБИ ИМТИҲОН АСТ
- Подробности
- Опубликовано 29.01.2015 19:22
Тавре ба ҳамагон маълум аст, расо баъд аз як моҳ интихоботи деринтизори мардум фаро мерасад. Чаро ки идае аз шаҳрвандони Тоҷикистон зарурат ва воқеияту моҳияти интихоботро дуруст дарк мекунанд ва албатта ин нафарон интихоботро интизор ҳам мешаванд. Раъйи дурусти мардум дар интихобот вакилони арзандаро барои Маҷлиси қонунбарори кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ муайян месозад.
Дар ҳудуди ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев панҷ участкаи интихоботӣ мавҷуд аст, ки калонтарини онҳо участкаи интихоботии рақами 12 мебошад ва шумори овоздиҳандаҳо дар ин ҷо ба 1809 нафар мерасад. Маркази раъйдиҳӣ мактаби таҳсилоти умумии рақами 6 муайян шуда, аллакай омодагиҳо ба ин чорабинии сиёсӣ оғоз шудааст. Аслан сари ин навиштаҳо мехостам барои маъракаи интихоботӣ ақидаҳои шахсиамро баён созам, ки ашхосе мафҳуми интихоботро ғалат фаҳмида онро як навъ рақобату қасосгирӣ меҳисобанд. Аслан бояд чунин набошад. Шахрвандон бояд дар давраи пешбарии номзадҳо фаъол буда, арзандатаринҳоро ба ин маърака пешниҳод намоянд. Ва хар кадом шахрванди Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, хушёрии сиёсӣ ва зиракиро набояд аз даст дихад. Воқеаҳои маълуми ҷаҳони муосир ва авзои сиёсӣ имрӯз ҳар кадоми мо, хусусан, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳамагуна маъракаҳо боэҳтиёт бошем. Ба ин хотир фикр мекунам, ки номзади арзандаро ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия амалкунанда ба интихобот пешбарӣ намудаанд. Аммо дар муқобили эшон гузоштани номзади дигар тариқи имзои шаҳрвандони овоздиҳанда бояд аз рӯи адолат ва маҳбу бияти хосаи номзад сурат гирад, на барои қасос гирифтан ё паст задани рақиби хеш. Тавре болотар ишора намудем, ҳар тули панҷ сол, ки маъракаи пешбарии номзадҳо ба интихобот шуруъ мешавад нафарони зиёде бе ягон мақсади муайян худро ба ин маърака шомил намуда, ба гуруҳбозӣ миёни мардум, бахусус ҷавонон хишти аввалро мегузоранд. Мо ин тадбирҳои нохубро пайваста ба шогирдон таълим медиҳем ва такроран таъкид менамоем, ки ба ҳеҷ як гуруҳе дода нашуда, баръакс ба волидону дигар шахсони аз худ калон маслиҳат диҳанд, то дар хулосаи дуруст баровардан ба ин ё он масъала ақидаи шахсии худро дошта бошанд.
Ба ҳамин монанд банда аз тамоми интихобкунандагон, сокинони диёри азизам даъват ба амал меорам, ки дар рӯзи интихобот аз номзади арзандаи худ дифоъ кунанд. Номзаде, ки барои ободонии ин марзу бум, ин замини файзхези Тоҷикистон қадре ҳам бошад ҳиссаи арзандаи худро гузошта метавонад.
Абулқосим Бобохонов,
директори муассисаи таҳсилоти
умумии рақами 6, деҳаи Файзобод.