ХАБАРҲО
ВОХӮРИИ СУДМАНД
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 16:12
Ба супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гурӯҳи таблиғотчиён дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо оиди эълон шудани “Соли 2015 - соли оила”, мавзӯҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, шомил шудани ҷавонон махсусан духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ғайра суҳбату вохӯриҳо доир карда истодаанд. Дар деҳаи калонтарини ҷамоати деҳоти Мискинобод деҳаи Фатҳобод бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия Муслима Шарифова вохӯрии судманд доир гардид. Муслима Шарифова дар вохӯрӣ оиди сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил шудани ҷавонон бо айби падару модарон, дар рӯҳияи худогоҳӣ, накӯкорӣ, дӯстии халқҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ, падару модар, устодон, ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд. Инчунин ӯ оиди форуми “Даҳсолаи амалиёти об барои солҳои 2005-2015”, эълон шудани “Соли 2015 – соли оила” андешаҳояшро баён намуд. Сипас раиси кумитаи маҳалла Файзалӣ Авғонов, имомхатиби деҳа Мулоҷаббор Шарифов, муаллимаи муассисаи таълимии рақами 27 Фароғат Содиқова ба сухан баромада падару модаронро даъват намуданд, ки фарзандонашонро бо роҳи дурусти зиндагӣ, донишомӯзӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост.
С. ҲОКИМ