Чт04102025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҳамдиёрони азиз!
17 – уми июл дар саросари мамлакат бо сипарӣ гардидани моҳи шарифу мубораки Рамазон мусулмонон иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. Иди саиди Фитр яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумлаи муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад, зеро он бо ба анҷом расидани моҳи Рамазон, яъне моҳи амалҳои неку шоиста, моҳи тоату бахшиш таҷлил мегардад.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати комили мардуми кишвар ва рушду нумӯи Ватани азиз, ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзи саиду пурфайз табрик мегӯем. Моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр барои мардуми мусулмон яке аз сутунҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накӯкорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда мебошанд.
Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба аёдати беморону барҷомондагон, мусибатдорону ниёзмандон мераванд, ба арвоҳи гузаштагон дуои нек мефиристанд, ба наздикону пайвандон саломативу хушрӯзӣ, барои Ватану диёр ободию шукуфоиро таманно мекунанд.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмон ҳифз намуда риояи онҳоро кафолат медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти озодии эътиқод, ҳимояи арзишҳои дини мубини ислом, ҳимояи он аз ҳар гуна айбдоркуниҳои беасос хизматҳои арзишманд мекунад.
Имрӯз, ки мо дар арафаи ин иди бисёр саиду муқаддас қарор дорем бояд анъанаҳои неки бузургони гузаштаамонро дар бобати хайру эҳсон, дастгирии ятимону камбизоатон, аёдати беморону мусибатдорон, дастгирии ниёзмандон идома дода, дар ободию пешрафти диёрамон саҳми муносиб гузорем.
Дар шароити ҷаҳони имрӯза душманони дини мубини ислом бо ҳар роҳ мекӯшанд аз номи дин, бо истифода аз нофаҳмию ноогоҳии ҷавонон дини мубини исломро бадному доғдор созанд, миёни намояндагони мазҳабҳову динҳо  ҷудоӣ андохта, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муқобили чунин амалҳои зишт, эътиқоду самимият нишон дода, арзишҳои диниро ҳифз намояд. Хусусан имрӯз, ки мо дар оғӯши моҳи мубораки Рамазон ва арафаи иди Фитр қарор дорем, бояд бори дигар арзишҳои дини мубини исломро, ки аз хайру эҳсон, сидқу ихлос, ватандӯстию инсонпарварӣ ва амсоли ин амалҳои нек иборатанд, риоя ва ба дигарон талқину тарғиб намоем. Хусусан дар тарбияи фарзандон, ҷавононамон бетарафу беаҳамият набошем. Ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои  иртиҷоӣ, ки ба ислом ҳеҷ рабте надоранд, дода нашавем ва ба ҳамаи  ин дасисаву иғвоҳо  ҷавоби сазовор диҳем.

Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии иди саиди Фитрро бори дигар ба ҳамаи шумо табрику муборакбод гуфта, бароятон аз даргоҳи Худованди мутаол тандурустӣ, саодату сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи ободу рӯзгори хушу осударо таманно мекунам.

Иди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!