ХАБАРҲО
ҲАМА ВАҲДАТСАРОИ ИН ВАТАН БОШЕМ
- Подробности
- Опубликовано 20.07.2015 15:30
(Гузориш аз тантанаи иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия)
Ҳафтаи гузашта дар саросари кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаву барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азизу гиромист. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки садои шодиву хуррамии Ваҳдати миллӣ дари ҳар фарди Тоҷикистони азизро мекӯбад. Ин санаи хотирмон-27 июни соли 1997-ро сокинони кишвар чанд сол интизорӣ доштанд. Зеро ҳуҷҷате, ки дар ин рӯз ба имзо расид, ифодагари хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатамон буда, аз қадамҳои устувор гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти осоишта гувоҳӣ медод.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, маҳз бо талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи вафодору қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон коми мардуми кишварро меваи сулҳу субот ширин гардонид.
Имрӯз, ки зиндагии хуррамонаю осоишона дорем, ҳамагон боэҳтиёту ҳушёр шуданамон лозим аст, ки бадхоҳон ба ваҳдати мо, корҳои бузургу бунёдкоронаю созандагиамон халал нарасонанд.
Бояд гуфт, ки иди Ваҳдати миллӣ ба маҳбубтарин ва пурифтихортарин ҷашни миллӣ табдил ёфтааст. Ва он сол ба сол беҳтару бошукӯҳтар таҷлил мегардад. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон ба хонаи умеди кулли тоҷикони дунё табдил ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардида, ҳамзамон ободу зебо мегардад.
Мардуми диёрамон ба ифтихори ин ҷашни фархунда омодагии хуб гирифтанд. Шиору овезаҳои рангоранг кӯчаи маркази ноҳия ва марказҳои ҷамоатҳои деҳотро пеш аз ҷашн намуди идона мебахшиданд. Рӯзи 27 июн дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «40-солагии Ғалаба», ки он ҷо тантанаи ҷашнӣ баргузор гардид, роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ бо меҳмонон ба базмгоҳ ворид шуда, сараввал аз намоишгоҳи оростаи ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки бозгӯи фаъолияти меҳнаткашони ноҳия аст, дидан намуданд.
Раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода меҳмонону ҳозиринро бо ин рӯзи хурсандӣ самимона табрику муборакбод намуд. Ӯ дар сухани табрикотии худ қайд кард, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он созишномаи тақдирсоз барои миллати тоҷик мебошад, мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида ба марҳилаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ба эътидол овардани соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ҳаёт нишон дод, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Имрӯз танҳо ба беш аз 800 гектар расонидани майдони картошка, давоми 2-3 соли оянда ба 4 ҳазор гектар расонидани майдони боғу токзорҳо гувоҳ аз меваҳои ширини Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Раис бо ифтихор номи Саидмурод Тағоев, Фирдавсӣ Қурбонов, Алқос Мавлонова ва як гурӯҳ роҳбарону одамони касбу кори гуногунро зикр кард, ки дар барқарор гардидани ҳукумати конститутсионӣ, пойдории сулҳу ваҳдат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хизматҳои босазо кардаанд. Ва таъкид кард, ки кору пайкори эшон ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо нахоҳад рафт.
Сипас саҳнаи идонаро санъаткорони ноҳия бо барномаи рангини ҳунарии худ, ки ифтихор аз ободию соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ буд, ихтиёрдорӣ намуданд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд. Барномаи идонаи санъаткорон аз шеъри Ҷӯрабек Муъмин “Ваҳдатсароӣ” оғоз гардида, лаҳза ба лаҳза авҷу тантана кард.
Дар ҳақиқат имрӯз аз файзи Ваҳдати миллӣ диёри нозанину биҳиштии мо –Файзобод ободу зебою шукуфо гардида, мардумаш рӯзгори ширин доранд. Мо бояд ба қадри ваҳдат, ягонагии миллат, арзишҳои миллӣ, обу хоки Ватан бирасем. Шукронаи кишвари биҳиштосоямонро бикунем. Ин ҳарфҳои пандомези Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон -«ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад» бояд сармашқи кори ҳар яки мо бошад.
Собир Розиқов, Гулбаҳор Раҳмонова,
«НФ».